Бахшҳо

Тоҷикистон аз идеологияи занона даст мекашад?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Равандҳои сиёсиву иҷтимоии ахири ҷаҳон, ки бештар зери таъсири мафкурасозии қудратҳо пайдо мешаванд ва шакл мегиранд, масири ҳифзи қудратро дар дасти кишварҳои хосияти худкомагӣ ва диктотуридошта мушкилгузар намуда, ин гуна кишварҳоро бештар дучори буҳрони сиёсӣ ва буҳрони идеологӣ мекунад. Идеологиясозиҳои номушаххасу номутавозин, вале хеле бисёри Тоҷикистон дар чанд соли ахир намуна ва натиҷаи ҳамин гуна равандҳост.

Ҳама гуна идеологияҳо дар сиёсат барои он эҷод мешаванд, ки манфиатҳои гуруҳе, пеш аз ҳама гуруҳи ҳукмронро ҳимоя кунанд. Кулли идеологҳо тамоми талоши мумкинро барои исботи ҳақиқати ҳукумати худ мекунанд ва ҳамеша талқин менамоянд, ки танҳо идея ва барномаҳои ҳамин ҳукумат зиндагисо воқеъ мешавад. Мантиқи пешниҳод кардани “идеологияи илмӣ” ҳам аз ҷониби Ленин дар ҳамин буд ва Ленин ақида дошт, ки тамоми идеологияҳои то морксистӣ ҳам унсурҳои илмӣ доштанд, вале танҳо морксизм аст, ки сирф идеологияи илмӣ мебошад.

Ҳоло дар ҷомеа сару садоҳо дар мавриди ин меравад, ки дар Ҳукумати Тоҷикистон як мансаби дигар – муовини сарвазир дар умури идеология таъсис дода мешавад ва интизор меравад, ҳамин мансаб дар ҳукуматҳои вилояту шаҳру навоҳӣ ва ҳатто вазорату кумитаву донишгоҳу донишкадаҳо ҳам таъсис дода шавад. Ҳатто барканории зудҳангоми Марҳаббо Ҷабборӣ аз симмати муовини сарвазири кишвар ба таъсиси ҳамин мансаб марбут дониста мешавад. Акнун дар ҳукумат мехоҳанд, ки роҳбарии идеологӣ ба дасти мардон супурда шавад ва ин гуна масоил бисёр ҷиддӣ баррасӣ ва арзёбӣ шавад. Ҳатто мушаххас аст, ки кӣ ба ин вазифа таъин мешавад, вале дар қадами нахуст кӣ будани ин нафар муҳим нест, балки чӣ кардани ин нафар муҳимтар мебошад.

Албатта, то замони таъсиси ҳамин мансаб яке аз муовинини сарвазир дар баробари дигар соҳаҳои давлат масъули идеология буд ва ҳамчунин дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ низ, вале ҳоло ин муовин мухтас ба идеология хоҳад буд. То ин муддат ҳамеша муовинини идеологӣ занҳо таъин мешуданд, ки як кори хато буд. Хато на ба он хотир, ки занҳо масъули идеологии ҳукумат буданд, балки ба он хотир, ки ин соҳа дар мудирияти давлат ҷиддӣ гирифта намешуд ва ифои вазифа кардани занҳо бар асоси квота буд. Муаллифи ин сатрҳо ҳанӯз шаш сол пеш дар ҳафтаномаи “Миллат” матлабе бо номи “Идеологияи занона” навишта ва онҷо гуфта буд, ин кори дуруст намебошад. Дар матлаби мазкур чунин як фикрро пешниҳод шуда буд: “Як хосияти аҷиби мансабдории занон дар Тоҷикистон он аст, ки онҳо бештар дар мансабҳо ҳамчун муовин оид ба идеология таъйин мешаванд. Яъне бевосита дар симати таъйиншудаашон куратори идеологӣ низ ҳастанд. ...Аз дидгоҳи илмӣ пухтагии зан ва ё мард дар роҳбарӣ мушаххас нашудааст. Яъне ҳам зан ва ҳам мард метавонад, ки роҳбари ин ё он соҳа бошад ва ё сарвари давлат. Аммо тамоми давраҳои давлатдорӣ собит кардаанд, ки нақши зан дар тамоми раванди таърих ба унвони нафари аввал камтар ва то ҳатто беранг будааст. Хусусан дар мансабҳои машваратӣ ва фикрӣ. Ин воқеияти таърихӣ, хусусан дар кишварҳои шарқ намоёнтар аст.

Блоки идеологии давлат - илм, маориф, иҷтимоъ, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма аз ҷониби ин муовинон, ки аксарияташон зан мебошанд, идора мешавад. Оё ҳамеша ин соҳаҳоро дар дасти занҳо супурдан мувофиқи матлаб мебошад? Албатта, не. Чаро бояд дар ҳамин симмат муовинон ҳамеша бояд зан бошанд? Ин раванди сунъӣ мебошад. Агар ҳадаф таъмини баробарҳуқуқии марду зан ҳаст, пас чаро зан натавонад, ки дар дигар мансабҳои давлатӣ кор кунад? Аз ҷониби дигар соҳаҳои мазкур ҳамчун мансабҳои моҳиятан дувумдараҷа ба занҳо тақдир карда мешаванд”.

Дар асре, ки мову Шумо зиндагӣ мекунем аз нигоҳи ҷинсӣ баррасӣ кардани таъйинот ба мансаби давлатӣ як кори дурусту мантиқӣ нест ва ҳадафи мо ҳам ин намебошад, вале мо бояд воқеияти таърихӣ ва иҷтимоиву биологиро ба назар бигирем ва махсуси занон набудани роҳбарии идеологиро дуруст бишносем. Аз ин рӯ, истиқболи мо дар мавриди аз дасти занон гирифтани роҳбарии деологӣ дар Тоҷикистон набояд ба маънои баррасии ҷинсӣ пазируфта шавад, балки бояд бисёр ҷиддӣ будани масъала мавриди назар бошад.

Ин ки бо гузашти ин қадар сол дар ҳукумат ба ин натиҷа расиданд, ки бояд аз “идеологияи занона” даст кашид ва ин масъаларо ҷиддӣ гирифт, бо вуҷуди ин ки дер аст, вале боз ҳам айни муддаост. Аммо масоили идеологӣ танҳо бо аз дасти занон гирифтану ба дасти мардон супурдани зимоми идораи умур ҳаллу фасл намешаванд. Балки ин пеш аз ҳама бастагӣ дорад ба мудирияти дурусти ҷомеа, ба шинохти воқеии арзишҳои инсонӣ дар асри навин ва дурусту бенуқс шиносоӣ кардани манофеи давлату миллат.

Дар мавриди аввал бояд таъкид кард, ки истифодаи мо аз мафҳуми идеология ба маънои он нест, ки давлат бояд хосияти идеологӣ дошта бошад. Балки истифода аз ин мафҳум бештар ба маънои чорандешиҳои арзишиву мафкуравӣ ва маданиву маърифатии ҳукумат аст, ки ба хотири дар масири дуруст нигоҳ доштани ҷомеа татбиқ мегарданд. Вагарна дар замони мову Шумо давлатҳои идеологӣ муваффақ будан наметавонанд. Намунаи охирини ин гуна давлатҳо Шӯравии куммунистӣ буд, ки дер напойид. Ва чанд давлати дигари идеологии динмеҳвар, ки динро василаи ҳифзи қудрат дар дасти гуруҳҳо ва хонаводаҳои ҳоким қарор додаанд ва бисёр бамушкил пеш мераванд.

Тоҷикистон ҳам наметавонад, ки як кишвари идеологӣ бошад. Моддаи 8-и Қонуни асосии Тоҷикистон чунин як таъкид дорад: “Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад”.

Ҳарчанд, ки идеологияи давлатӣ мавриди баҳсу баррасиҳои илмӣ ва коршиносӣ қарор мегирад, вале давлатҳое, ки худро побанди арзишҳои демокративу либерол медонанд наметавонанд идеологияи ба истилоҳ давлатӣ дошта бошанд. Ва агар ҳам дошта бошанд, он идеологияи либерол мебошад. Мо, медонем ки авлавият пайдо кардани идеология дар ҳукуматдорӣ дар ин шабу рӯз бастагӣ дорад ба равандҳои мавҷуди минтақа ва ҷаҳон, хусусан ҳаракатҳое, ки доранд шакл мегиранд ва бидуни шак ба амният ва суботи кишвари мо таъсири манфӣ доранд. Хусусан ҳаракатҳои идеологие аз қабили ДИИШ. Вале оё ин ҳама мушкил бо дар дасти мардон супурдани масъулияти мудирияти идеологии ҷомеа ҳаллу фасл мешавад?

Идеологӣ кардани давлат ва мудирияти мафкуравии ҷомеа кори дурусте нест. Хусусан агар чораҳои идеологӣ ба хотири ҳифзи қудрат ва ҳокимияти сиёсӣ дар дасти як гуруҳ андешида шаванд. Ин бадтарин навъи идеология мебошад. Ҳукумат набояд аз роҳҳои идеологӣ ва мафкуравӣ шаҳрвандонро ба асорат бигирад. Албатта, ҳама гуна идеологияи сиёсӣ манфиатҳои нухбагон (элита)-и сиёсӣ ва ҳукумронро ба назар мегирад, аммо дар ҳеч сурат набояд манофеи нухбагони сиёсӣ бар манофеи шаҳрвандон ва миллату давлат бартарӣ дошта бошанд. Зеро дар замони мо арзишҳои либерол бештар авлавият доранд. Хусусан арзишҳое аз қабили озодиҳои фардӣ, эҳтиром ва риояти ҳуқуқи инсон, таҷзияи ҳокимият, интихоботҳои озоду шаффоф, озодии моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ, баробарии ҳуқуқии шаҳрвандон, озодии эътиқод, дахолат накардан ба ҳаёти шахсӣ ва ғайра аз арзишҳое мебошанд, ки набояд таҳти кадом як идеологияи номушаххасу номуайяне саркӯб шаванд. Агар роҳандозии тадобири идеологие, ки ба асли ҳамин арзишҳо мухолифат дорад дар назар гирифта шавад, аз ибтидо ин кор иштибоҳ аст. Ҳамаи ин арзишҳо дар Қонуни асосии мо эътироф шудаанд ва давлат масъулият гирифта ва барои мардум ваъда супурдааст, ки барои инкишоф ва эҳтироми ин арзишҳо шароит фароҳам мекунад. Аз ин рӯ, “ҷанг” бо арзишҳои конститутсионӣ мантиқӣ нест.

Идеологияе, ки сохта мешавад набояд танҳо барои ташреҳ ва тавзеҳи машруъияти ҳокомият дар дасти гуруҳи ҳукумрон истифода шавад. Балки он бояд пеш аз ҳама ҳадафҳои олиеро дунбол кунад, ки моҳиятан ва амалан барои дигаргун кардани шароити иқтисодӣ, фазои сиёсӣ ва иҷтимоӣ сабаб шаванд ва хусусан шаҳрвандон беҳ шудании зиндагии худро дар пайи он ҳис кунанд.

Иедологияи сиёсие, ки сохта мешавад, агар танҳо хосияти барномавиюи сиёсӣ дошта бошаду бештар аз шиор иборат бошад ва барои эҷоди як фазои қолабиву меъёрии мусоиди пазируфтани қарори сиёсӣ пешбинӣ шавад, буҳронзо мебошад. Ҳадафи ҳама гуна идеология ташкили дурусти мунназами ҷомеа аст ва танҳо равишҳои расидан ба ҳамин ҳадаф гуногунанд. Бештарини иштибоҳҳо ҳангоми татбиқ кардани ҳамин равишҳо сар мезананд. Аммо идеологҳо ва мақомдорон ҳангоме, ки идеологияро эҷод мекунанд бештарини талоши худро барои расидан ба ҳамон ҳадафҳои идеологӣ мекунанд ва равишҳову роҳҳои расиданро чандон муҳим намешуморанд ва баъзан роҳҳои номашруъро низ қобили қабул медонанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон баҳси доштани идеологияи давлатӣ ва идеяи миллӣ, ки бар асоси он бояд давлат ва миллатро сохт, бисёр доғ аст. Хусусан, пешниҳодҳо бештар сари ин аст ки он бояд дар шакли мустанад, дар қолаби консепсиюн ва роҳбурде аз ҷониби давлат пазируфта шавад ва амалкардҳои ҳокимияти иҷроя набояд ба он мухолафат дошта бошанд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон Қонуни асосӣ хосияти идеологиву мафкуравӣ доштани давлатро иҷоза намедиҳад, вале доштани идеяи миллиро манъ намекунад. Идеяи миллӣ набояд ба арзишҳои инсонии либерол ва умумибашарӣ мухолифат дошта бошад ва он набояд хосияти мафкуравиву нажодпарастӣ гирад, балки бештар барои доштани як ҷомеаи муқтадир, кишвари обод ва шаҳрвандони озодаву хушбахт сабаб шавад.

Сохтани чунин як консепсиюн бояд бо иштироки тамоми қишрҳои огоҳи фикриву илмӣ ва маъмуриву давлатӣ сурат бигирад. Албатта муҳим аст, ки ин роҳбурд набояд хосияти маъмуриву сиёсӣ, балки зиндагисозу миллатсоз бошад. Он бояд барои саъодати миллӣ эҷод шавад. Ва агар чунин як санадро соҳиб шавем он метавонад, ки дастури кори касоне қарор бигирад, ки ба мансаби таъсисмешудаи мавриди назар интисоб мешаванд. Вале агар эҷоди идеология барои ҳифзи ҳокимияти сиёсӣ пешбинӣ мешавад ҳарфи он ҷудост.

Аммо, мо набояд фаромӯш кунем, ки дар ҷомеае, ки ба шаҳрвандон имконият намедиҳанд то идеяҳои худро ҳимоят кунанд ё шаҳрвандон талош намекунанд, ки идеяҳои худро татбиқ намоянд, идеологияи давлатӣ таҳмил мешавад. Идеологияи давлатӣ агар манфиатҳои умумимилиро фаро нагирад ва танҳо аз мавқеи қудрати сиёсӣ буруз кунад, бадтарин идеология мебошад.
Мӯҳр
Саид
Занонро бувад хамин як хунар. Ки шинанду зоянд шерони нар.(Фирдавси)

Ёрмухаммад
Комилан дуруст аст, ки мо бе идеология бошем зеро конуни асоси ба мо ичозат намедихад, лекин дар асоси фарханги бумии мо консепсияе матрах шавад, то манфиатхои миллие, ки моро аз харгуна акидахое ки ба хатар мувочех месозад канорагири кунад ва барои рушдугустариши кишвар ва мардуми он мусоидат кунад. Дар ин маврид маколаеро пениход хохам кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)