Қатъи фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар пайи муфлисшавӣ
Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти як ташкилоти хурди қарзӣ хабар додааст.
Торнамои расмии Бонки миллӣ мегӯяд, фаъолияти ташкилоти қарзии “Ҳамдастӣ” дар пайи муфлисшавӣ қатъ шудааст: “Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2016 дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои муфлисшавӣ фаъолияти ҶДММ ТАҚХ “Ҳамдастӣ” тариқи барҳамдиҳии маҷбурӣ қатъ карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, бо ин иҷозатномаи “Ҳамдастӣ”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд: “Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |