Таҳияи Кодекси маданӣ ба ҷойи гражданӣ. Ҳимояи қонунӣ аз қадру қимату нангу номус

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷойи Кодекси гражданӣ тарҳи Кодекси маданиро бо иловаи чанд боби нав таҳия ва ба Дастгоҳи раисиҷумҳур ирсол кардааст.
Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ имрӯз, 5 феврал дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳанӯз соли 1999 мехостанд номи кодексро маданӣ гузоранд, аммо бо сабаби вуҷуд надоштани ҳамфикрӣ миёни зиёиёни тоҷик номи он Кодекси гражданӣ шуд.
Ӯ афзуд, ахиран дар ҳамоише дар Хоҷа Оби Гарм 90 донишманд аз Кодекси маданӣ ном гирифтани он пуштибонӣ карданд: “Баъд аз таҳлилу баррасиҳои зиёд ва омӯзиши кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои шарқӣ ба хулосае омадем, ки Кодекси маданӣ дуруст аст, на гражданӣ. Баъзеҳо гуфтанд, ки ин арабӣ аст, ҳамрадифашро ёбед. Аммо баъди омӯзиш маълум шуд, ки ин калимаи арабӣ набуда, аз Сурия ба Арабистон омадааст. Дар луғатҳои мо он ба маънии шаҳр ва робитаи маданӣ омадааст. Он аз ҷамъи шаҳрвандон иборат аст ва ҳамин ҷамъи шаҳрвандон ба ҳамдигар ниёз доранд ва бояд дар муносибат ва робитаи маданӣ қарор дошта бошанд. Ман розӣ нестам ба онҳое ки мегӯянд, ин арабӣ аст, ин русӣ аст, мебахшед ҳамаи инҳо, агар арабӣ бошанд, мо дигар чӣ дорем? Чизе ки аз араб аст аз мо низ ҳаст. Ҳамаро ба араб додан дуруст нест. Маданӣ молӣ мо буд, ҳаст”.
Оқои Раҳимзода дар идома гуфт, “ҳар чи зудтар бояд ба моли худ соҳиб шуд, соҳиб, ки нашудӣ ҳамсоя мегираду баъдан афсӯсхурӣ мекунем. Кодекси маданӣ муҳим аст, муносибати давлат ба шаҳрванд ва шаҳрванд бо давлат бояд маданӣ бошад”.
Ба қавли раҳбари Маркази миллии қонунгузорӣ, 14 ниҳод бо шумули Кумитаи забон ва истилоҳот ва Академияи илмҳои Тоҷикистон барои аз гражданӣ ба маданӣ табдил додани номи кодекс хулосаи мусбӣ додаанд. Маҳмад Раҳимзода таъкид кард, ба тарҳи нави кодекс 8 боби нав илова шуда, се боби он масъалаҳои ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ, ба мисли қадру қимат, нанг, номусро дар бар мегирад, ки ба гуфтаи ӯ ба фаъолияти журналистон низ дахл доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |