Ташкили ниҳоди нав барои омӯзиши суду зиёни қонунҳо дар Тоҷикистон
Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар ниҳоди наве ташкил мегардад, ки суду зиёни қонунҳоро меомӯзад.
Раҳимзода, имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ниҳоди нав дар назди Маркази миллии қонунгузорӣ ташкил шуда, ба таҳлили таъсиррасонии қонунҳо машғул хоҳад шуд: “Тариқи таҳлилҳои ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва математикӣ фоида ва зарари қонунҳоро меомӯзанду баррасӣ мекунанд. Корҳои ташкили соли 2016 оғоз ёфта, сохтор аз соли 2017 расман ба фаъолият шуруъ мекунад”.
Таҳияи ниҳоди нав дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раҳимзода соли 2015 беш аз 100 лоиҳаи қонун ба Маркази миллии қонунгузорӣ пешниҳод шуданд, то хулосаи худро ироа гардонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |