Бахшҳо

ВИДЕО: Фаридун иддао дорад, дар Осиёи Марказӣ касе рекордашро “нашикастааст”

Фаридун Раҳмонқулов, донишҷӯи тоҷик иддао дорад, ки баробари ӯ касе дар Осиёи Миёна қиммати P-ро аз ёд намедонад. Ин ҷавони тоҷик мегӯяд 5 ҳазор шумораи 10 рақамаро дар хотирааш ҳифз кардааст, ки бештарин теъдод дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба иборати дигар, дар Осиёи Марказӣ рекорд гузоштааст. Ӯ дар суҳбат бо “Озодагон” аз худ, аз қобилият ва тарзи машқ додани майнаи сар гуфт.


Озодагон: Нахуст бигӯед, ки худи қиммати P (пӣ) чӣ аст?

Фаридун Раҳмонқулов:
Қиммати Пӣ констансияи математикӣ буда дарозии давраро бар диаметри он ифода мекунад. Ин қиммат аз давраи Бобулиён машҳур аст, аммо таърихи дақиқаш маълум нест. Ҳарфи аввалаш ҳам аз калимаи юнонӣ “переферия” гирифта шудааст, ки маънои он периметр ё худ дарозии давра мебошад. Дар мактаб қабул шудааст, ки P ба 3,14 баробар аст, аммо азбаски ирратсионалӣ ва трансендентӣ яъне, адади даҳӣ, ғайридаврӣ ва беохир мебошад дигар ададҳояш баъд аз вергул дар он такрор намешаванд. То андозае, ки ман медонам баъд аз қиммати P компютерҳо фақат 13, 3 триллион рақамро ҳисоб кардаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳақиқатан рақамҳои ин қиммат баъд аз вергул охир надоранд. Аз ин рӯ, одамҳое ҳастанд, ки барои машқ додани мағзи сар ё гузоштани рекорд дар заминаи хотираи қавӣ ин рақамҳоро аз ёд мекунанд.

Озодагон: Хуб, Шумо аз куҷо медонед, ки дар Осиёи Миёна феълан шумоед, ки бештарин қиммати P-ро аз ёд медонед?

Фаридун Раҳмонқулов:
Дар интернет ҷустуҷӯ кардам ва маълум гардид, дар Осиёи Миёна касе аз ман зиёдтар намедонад, аммо дар ҷаҳон чунин одамҳо зиёданд. Ман медонам, ки кӣ дар кадом сол чӣ қадар аз ёд кардааст.

Озодагон: Ҳоло дар ҷаҳон кӣ аз Шумо бештар рақами P-ро аз ёд кардааст?

Фаридун Раҳмонқулов: Як марди хитоӣ бо номи Лю Чао аст, ки соли 2005 бо азёд кардани 67 ҳазору 890 рақам дар китоби Гиннес қайд шуд. Ду марди дигари ҷопонӣ камтар аз Лю Чао азёд карданд. Якеаш 40 ҳазор ва дигарӣ 52 ҳазорро азёд гуфтанд. Як каси дигар дар Украина 10 ҳазор ва дар Русия 6 ҳазору 6 рақамро аз ёд гуфтанд. Ман ҳам дар як муддати кутоҳ ин миқдор рақамро аз ёд кардам.

Озодагон: Яъне, ҳоло Шумо рекордсмени Осиёи Марказӣ ҳастед?

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта. Дар вақти холӣ то 68 ҳазор расидан имкон дорад. Азбаски ман ҳоло ба навиштани кори дипломӣ машғулам, фурсат надорам. Вале агар вақт пайдо кунам боз азёд карданро сар мекунам.

Озодагон: Аз худатон бигӯед. Дар кадом донишгоҳ ва дар кадом ришта таҳсил мекунед?

Фаридун Раҳмонқулов: Ман дар курси 4-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар факултаи сохтмон ва меъморӣ аз рӯи ихтисоси “сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ” таҳсил мекунам.

Озодагон: Ҳамин қобилияти Шумо дар тахассусатон ҳам кумак мекунад?

Фаридун Раҳмонқулов: Дар ихтисоси ман он қадар ба кор намеояд, вале ин қобилияте, ки дорам метавонам чизҳои дигарро дар як муддати кутоҳ аз худ намоям

Озодагон: Талош доред, ки рекордсмени ҷаҳон шавед?

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта, талош дорам, аммо нафақат дар азёд кардан, балки қобилиятҳои дигар ҳам дорам, ки онҳоро дар моҳҳои минбаъда нишон медиҳам.

Озодагон: Масалан, барои аз ёд кардани 10 ҳазор қиммати P чӣ қадар вақт лозим аст?

Фаридун Раҳмонқулов: Ман аз 25 июни соли гузашта ба азёд кардани ҳамин рақамҳо сар кардам. Баъдан дидам, ки як рӯз пеш аз ман дар Украина Артём Гарин рекордро гузошт. 10 ҳазор рақам вақти зиёдро намегирад. Як чизро гуфтан лозим аст, ки барои ман дар азёд кардани рақам вақти зиёд лозим нест, балки такрор карданашон вақти зиёдро мегирад. 10 ҳазорро дар 7, 8 ё 10 рӯз азёд мекунам. Аз машқ кардан вобаста аст. Як тобистон вақтро санҷидам, ки дар 40 дақиқа 400 рақамро аз ёд кардам. Аз рақамҳо ҳам вобаста аст. Мисол, агар 6-то 6 бошад азёд карданаш осонтар аст. Хулоса, такрор кардан ва бурро гуфтан вақти бештарро мегирад.



Озодагон: Ҷараёни азёд кардани рақамҳо чӣ гуна аст? Дар танҳоӣ мешинед ё чӣ гуна сурат мегирад?

Фаридун Раҳмонқулов: Фарқ надорад. Баъзе рақамҳоро бо як нигоҳ азёд мекунам. Ҳам дар танҳоӣ ва ҳам бо ҳузури каси дигар ҳам метавонам азёд кунам.

Озодагон: Пас, Шумо дар таҳсилу донишгоҳ ҳеч мушкиле надоред, не?

Фаридун Раҳмонқулов: Алабатта, ҳеч мушкилие надорам.

Озодагон: Дар азёд кардани калимаву шеър ҳам ҳамин қобилиятро доред?

Фаридун Раҳмонқулов: Аз дар зеҳ нигоҳ доштани калимаву рақам мушкилтар азёд кардани пай дар пайии рақамҳо аст. Чаро ки рақамҳо одамро гаранг мекунанд. Шеърро дар даврони мактабӣ азёд мекардам ва дигар шавқ надоштам ва азёд ҳам накардам. Аммо, дар мавриди калимаҳо дар 15 дақиқа 100 калима азёд мекунам. Дар 1 соат 400 калима ва дар 1 шабонарӯз 9 ҳазору 600 ва дар 25 соат 10 ҳазор калимаро азёд мекунам. Аммо, хубтар ин аст, ки дар як рӯз 100 калима азёд кунӣ.

Озодагон: Шумо забони англисиро ҳам баладед?

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта.

Озодагон: Мақсад надоред, ки ба омӯхтани забонҳои дигар бипардозед?

Фаридун Раҳмонқулов: Ҳоло ин мақсадро надорам. Дар оянда агар кадом забон лозим шуд аз худ мекунам. Ҳоло ин чиз барои ман лозим нест. Ба ҷойи ин ба фаъолиятҳои дигари математикӣ машғул шудан беҳтар аст.

Озодагон: Бештари одамон замоне, ки бузургсолтар мешаванд хотираашон заифтар мешавад. Шумо чӣ тавсия медиҳед, ки хотираашон қавӣ бимонад?

Фаридун Раҳмонқулов: Барои қавӣ кардани майнаи сар аз 100 то 1 зуд зуд ҳисоб кардан ва бо як ҳарф дар муддати 2 дақиқа 20 ё 30 номи одам ё калимаҳои дигарро гуфтан фоида дорад. Аз машқи доимӣ ягон кори дигар зуртар нест.

Озодагон: Одамоне, ки бо рақамҳо сару кор доранд ва хотираашон тез асту дар риёзӣ бисёр пештозанд ба барномазии компютерӣ машғул мешаванд. Шумо ин мақсадро надоред?

Фаридун Раҳмонқулов: То ҳол ин тасмимро нагирифтаам. Дар оянда имкон дорад, ки ба ин кор машғул шавам. Дар барномасозӣ албатта ҳифз кардани корду паролҳо майнаи сари қавӣ лозим аст.

Озодагон: Баъзан гуфта мешавад, ки дар ин гуна корҳо чашмбандӣ ё ягон асрор аст ё ягон асоси риёзӣ, масалан, ягон пай дар пайӣ дорад, ки мо онро намефаҳмем. Дуруст аст?

Фаридун Раҳмонқулов: Не, инҷо ягон пай дар пайӣ нест. Агар ягон пай дар пайӣ мебуд ҳамин рақамҳоро аз ёд накарда, балки аз рӯи ягон қоида менавиштам. Ин адади ғайридаврӣ аст. Яъне, ададҳо дар инҷо такрор намешаванд. Такрор мешаванд, аммо давран такрор намешаванд. Мисол, як бор дар ҷойи 25-ум ва бори дигар дар ҷойи дигар такрор мешаванд.

Озодагон: Маълум аст, ки дар ҳалли масъала ва муодилаҳои риёзӣ ҳам пешсаф ҳастед.

Фаридун Раҳмонқулов: Албатта, ман бо риёзӣ бисёр машғул будам ва ҳоло бештар рақамҳоро аз ёд мекунам. Вале, ин корро на танҳо риёзидонҳо, балки дигарон ҳам метавонанд бикунанд.

Озодагон: Дар хонаводаи Шумо ин қобилиятро дигар аъзои оила ҳам доранд?

Фаридун Раҳмонқулов: Ин қобилият ба таври генетикӣ аз падарам ба ман гузаштааст. Додарам низ майнаи қавӣ дорад. Одам қобилият дорад, аммо тавонистани он аз бисёр тамрин кардан вобаста аст.

Суҳбати Сайф САФАР
Мӯҳр
Муслим
Бо ин истеъдоди Худодод Куръонро хифз мекарди, бароят бехтар буд.

Муаллима
Офарин фаридунчон ин бача бисёр бачаи хуб боинтизом ва бомаданият мебошад. Падараш писари амаки ман буд ва бисёр дониши хуб хам дошт ва аммо афсус, ки имруз дар кайди хаёт нестанд ва хело хам чавон гузаштанд. Бубинед, ки бе падар калон шудаст ва чунин саводи хуб хам дорад. Тамоми фарзандон ва чавононро худо худаш инсофашон дихад, ки чунин ба монанди Фаридунчон факат дар пайи илму дониш бошанд. Фахри мардуми Точикистонед ва халки Бадахшон бо Шумо мефахрад.

nabi farhor
Офарин Фариддун.Аз ин хам хубтар аз ёд кун,хукумати Точикистон бояд аз ин хел донишчуёни болаёкат дастгири кунанд.

Хамин фанатхои Исломй дигар кор надоранд, хама чиз барои онхо дин ва дигар барои онхо на илм на кашфиёт лозим нест. Худо накунад, ки дар дасти шумо афтем, хама дар асри сангин мемонем. Умуман дин барои пешрафти чомеа, илму техника монеаъ мешавад! Ин исбот шудаги! Хамун кори худтона карда гарден бесаводо, шумода чи даркор ба илму прогреси чомеаъ сару кор гирифтан!

Муслим, тавба, илмам ягон зарар дорад ба мусалмон?

Офарин Фаридун!
Ман ифтихор дорам, ки аз шогирдони факултаи мо чунин чавонони лаёкатманд тарбия ёфта истодаанд. Шумо харакат кунед, ки касбу ихтисоси бинокориро бо забони англиси бехтару хубтар омузед, онгох дар хаёт муваффаку комёб ва доимо пируз хохед гашт. Инро ман хамчун олим ва устоди хамин соха ба Шумо маслихат медихам. Бовари дорам, ки Шумо бо чунин хотираи кавиатон аз ухдаи ин корхо ба хуби мебароед. Зафар ёрат бод, Фаридун!

Ба бародар Каром, Бародари азиз то чое банда огохам томми улум баъди нузули Куръону Ислом рушд кард. ва Умуман Дини Ислом дарвозаи фаррохе барои ворид гаштани ташнахои илму пешрафт шуд ва айни хол хас хаст.
Танхо дар асоси гуфтахои боло банда аз Кобилияти ачиб ва барои мардуми минитака начибу беназир бародар Фаридун мефахрам)

мусалмон
Эй баъзеи мардумон шумо ба Ислом дармондаен? Фаромуш накунед ду руз дар ин дунёед, абади дар дунёи дигар. Худованд хисобашро мегирад


Не для печати
Пишется не P, а Pi. Или на русском, Пи. На таджикском - с простым "и", как на русском.

Чавоб ба каром ту фикр мекуне ки дини ислом мукобили илм АСТ??? Не бародар хато мекуни хамон олимхое ки острономхо замину осмонро омухта исбот кардаанд ки кабати замин 7кабат асту осмон хам 7 кабат аст дор нимаи асри 20 омухтаанд .дар Курони карим аз ин 14 АСР пеш навишта мондагиян

меҳрдод
ман ҳамчун як тоҷик (ҳамватан) тавсия мекунам, агар Каломуллоҳи Шарифро азхуд кунӣ иншооллоҳ рекорди ҷаҳон мешавӣ, фаридунҷон

инсон
Каром,
Ба баъзе "босаводон" гуфтанием ки ду руз дар ин дунёи, абади дар дунёи дигар.

Ба номи Худованди Меҳрубон
Саломуналайкум кормандони сомонаи Озодагон аз ҳамаи шумо барои фаъолияти бевақфаатон самимона ташакур мекунам
Баъзеҳо ҳаяҷонзада шуда шурӯъ кардан ба Исломситезӣ ва як навъ вонамуд мекунанд, ки Ислом зидди Илму пешравӣ аст. Дар Воқеъ ин фикри ғалате аст. Шумо дар оёти Қуръон нигоҳ кунед дар бораи арзиши Илм ва олимон чи гуфтааст? Худованд дар Қуръони Карим 126 бор аз калимаи «Илм» Истифода кардааст. Оё ин зулм дар ҳақи Ислом Азиз нест? ки Исломро зидди Илм муаррифӣ мекунанд. Ҳаминтавр Ривоёт Паёмбари Акрамро нигоҳ кунед дар бораи Арзиши Илм чӣ гуфтааст? Паёмбар(с) мефармояд: Утлубул илма валв биссин. Талабкунед илмро агарчанде дар Чин бошад. Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: Ал-илму Сулотонун: Ман ваҷадаҳу Сола биҳи ва ман ламяҷидҳу Сила алайҳ. Илм Қудрат аст. ҳар касе онро ба даст овард бар дигарон Ҳукумронӣ мекунад ва агар ба даст наёвард ба ӯ Ҳукумронӣ мекунанд. Инро бидонед илм мутаълиқ ба ҳеҷ кишвар ва ҳеч минтақа ва ҳеҷ абарқурдрате нест ҳар ки талош кунад ба даст меоварад. Шумо бародарон ба гузаштаи худатон нигоҳ кунед Қарнҳои 3, 4 5, ҳиҷри Қамари Мусулмонон дар авҷи пешрафти илмӣ буданд ва ҳамин солҳоро бо Солҳои Мелодӣ муқоиса кунед бибнед қарнӣ 10, 11, 12 Ғарбро нигоҳ кунед дар чӣ вазъе қарор доштанд дар торикии маҳз ва ҷаҳолат ин се қарн дар торихи ғарб қуруни вусто ба он номгузори шуд ва баъд расм шуд ҳар ки бесавод бошад мегуфтан қуруни вустоӣ ҳаст? Ин таҳқир ғарбиҳо дар ғарб буд ва инро ба Мусалмонон Нисбат доданд дар ҳоле ки Мусалмонон дар авҷи пешрафтӣ илмӣ дар ин солҳо буданд. Дар ин се қарн дар домани Ислом Форобиҳо, Ибни Синоҳо, ва Закарёи Розиҳо дар домани Ислом тарбият ёфтаанд. Ин ба чи Маъност?? Яъне Илм бидуни Маънавият ҳеҷ дардера даво намекунад пас олимони Мо Ҳам Дин доштанд ва ҳам Илм. Илм бидуни Маънвият чароғ додан дар дасти Дузд ҳаст. Мо дар асри ҳозир инро ба чашми худ мебинем Илм дар дасти ғарб ғалтидааст бо ин илм дар ҷаҳон Ҳукумронӣ мекунад дигар кишварҳоро зери султаи худ қарор медиҳад бо истифода аз ин Илм дигар кишварҳоро метарсонад захоири ин кишварҳоро ғорат мекунад. Бинобар ин Бародарон ба шумо тавсия мешавад оёти Қуръон ва Ривоёяти Паёмбари Акрам(с) ва гузаштаи Мусалмонон бихонед ва баъд изоҳори назра кунед.Матлаб зиёд аст вале ҳамаро наметоавонем дар инҷо баё кунем.
Мувафақ бошед

Аз хамин хамлаи шумо нисбати ду сухани ночизи ман маълум мешавад, ки дунёи шумо пур аз сиехй, фитнаву бадкирдорист! Хамаи олимони мусалмоне, ки дар асрхои кухан кору кашфиети худро анчом дода буданд, аз дасти шумо барин мусалмонхои "фанат" онхоро ба катл расонданд, ва имруз шумоён аз ин чиз нигарони шудаед? шармандахо! Шумора садкаи илму пешрафти техники кунад! Мо ягон гунахи азим мисли шумо накардем, ки дунеи баъди марги худро хавотирона фикр кунем, дар мо на хасуд, на зино, на игво, на майнуши, на фиребгари, на моли мардумро хурдан нест! Шумо аз рафтори шубхаовари худ нигарон бошед! Боки ба шумо сухан хайф аст!

Ба Фаридун
Ин чи аст? Бо ин суханрониат ба забони модари, бо забони инглиси чи хел балад боши! Лохотрон аст ин пи :D

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)