Аз рӯи сенария, дар баъзе аз маҳаллаҳои Қайроққум зилзила ва сел рух медиҳад ва Гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ бояд омодаи вокуниши саривақтӣ ба ин офатҳо бошанд, воқеаро таҳлил намоянд, бо мақомот ҷиҳати дарёфти ниёзҳои онҳо мулоқот намоянд, фаъолиятҳои лозимаро ба нақша бигирад ва ҳамоҳанг намоянд, дар корҳои наҷотбахшӣ ва расонидани ёрии аввал, ёрии равонӣ, паноҳгоҳ, ғизо ва маводҳои лозима ба зарардидагон иштирок намоянд, ва ғайра.
Эрик Мишел-Селйе, фиристодаи ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, иштирокдорони чорабинӣ дар ҷараёни ин тамриноти амалӣ донишу малакаи омӯхтаи худро бовокуниши муассиру сареъ ба офатҳои вонамудӣ ва нақшрезишудаи табиӣ ва ҳамоҳангии талошҳову фаъолият дар амал санҷида, тақвият хоҳанд бахшид. Ҷаноби Мишел-Селйе мегӯяд, ин давра “имконияти воқеъии омӯзишӣ ва шонсе барои табодули таҷриба ва дониш мебошад. Ин давра масъулони соҳаи мудирияти офатҳоро гирди ҳам меоварад ва ҳамкориҳову тақсимоти фаъолият ва нақшҳоро дар вақти зарурӣ тақвият мебахшад.”
Зафар Муҳаббатов, дабири кулли ҶҲАТ, мегӯяд, давраи омӯзишии мазкур Гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба офатҳоро таъсис дода, донишу маҳорати аъзои онро боло мебардорадва сатҳи ҳамкориҳоиву ҳамоҳангиҳоро миёни ҶҲАТ ва ниҳодҳои давлатӣ дар рӯидаст гирфитани иқдомоте рӯшантар мекунад. Ҷаноби Муҳаббатов мегӯяд: “Мақомоти маҳаллӣ, пизишкон, пулис, хадамоти изтирорӣ, аҳолии маҳаллӣ, ҳамчунин, кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ дар ин тамриноти амалӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард”.
Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бар ин бовар аст, ки давраи омӯзишӣ ба иштирокдоронаш имкон хоҳад дод, “то биомӯзанд, ки дар ҳолати фавқулода чӣ гуна метавон гурӯҳи вокуниш ва наҷотбахшонро таъсис доду раҳбарӣ намуд, чӣ гуна бояд вазъиятро таҳлил ва баррасӣ кард, чӣ гуна бояд нақшаи фаъолият ва буҷа тартиб дод, фаъолиятро бо мақомот чӣ гуна бояд ҳамоҳанг намуд, чӣ гуна корҳои наҷотбахшӣ ва паноҳгоҳи муваққатиро метавон ба роҳ монду ба зарардидагон чӣ гуна бояд ёрии аввал ва психологӣ расониду ба онҳо чӣ гуна ғизо ва маводи лозима тақсим кард, масъалаҳои логистикӣ ва чолишҳои дигарро чӣ гуна метавон ҳал намуд, ба расонаҳои хабарӣ чӣ гуфт ва ғайра”.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |