Соҳибони ду курсии холимондаи парлумон моҳи апрел маълум мешавад
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 10 апрелро рӯзи интихоботи миёндавраӣ дар ду ҳавзаи якмандатӣ эълон кардааст.
Интихоботи миёндавраӣ барои ҷойҳои холимондаи Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзода дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 ва Ҷаббор Расулов №16 баргузор мешавад. Оқои Ватанзода ҳоло масъулияти ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи Президент дар Маҷлиси олиро бар уҳда дорад. Ҷаноби Саидзода бошад, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд.
Маҷлиси намояндагон ахиран ваколати ин ду нафарро қабл аз муҳлат қатъ кардааст.
Эълони интихоботи миёндавраӣ дар ҳолест, ки 3 феврал вакилони Маҷлиси намояндагон номзадии Бахтиёр Худоёрзодаро ба раисии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ карданд. Номзадии ӯро ба ин мақом Эмомалӣ Раҳмон баъди аз симмати раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент барканор карданаш пешниҳод намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |