Қарзи 1,5 миллиардӣ ва санҷиши коргарони “Барқи тоҷик”: Қариб нисф нагузаштанд
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” тамоми кормандони ширкаташро бо санҷиш ё худ аттестатсия фаро хоҳад гирифт.
Ӯ имрӯз, 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, то ҳол 1445 коргарро бо аттестатсия фаро гирифтаанд, ки аз ин 827 нафарашон аз санҷиш гузашта, беш аз 600 нафари дигар нагузаштаанд. Ба иттилои раёсати “Барқи тоҷик” феълан ин ширкат 12 ҳазору 867 корманд дорад, ки нисбати як соли пеш 421 нафар кам мебошад. Коҳиши коргаронро манбаъ ба гусели 188 нафақхӯр ва ихтисори коргарон рабт дод.
Санҷиши кадрҳо дар “Барқи тоҷик” дар ҳоле сурат мегирад, ки феълан ин ширкат бо қарзи 1,5 миллиард сомонӣ калонтарин қарздор дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат аз ҷумла аз “Сангтӯда-1” 505 миллион сомонӣ, аз “Сангтӯда-2”-315 миллион сомонӣ ва аз андоз 164 миллион сомонӣ қарздор мебошад.
Дар мавриди эҳтимоли фурӯши “Барқи тоҷик” дар сурате агар натавонад, вазъи молияашро беҳбуд бахшад, масъулини ширкат изҳори бехабарӣ карданд. Раёсати “Барқи тоҷик” изҳор дошт, ки феълан таҷдиди сохтори ширкат идома дорад ва дар назар аст, ки соли 2018 анҷом ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |