Дар Тоҷикистон мехоҳанд фурӯши тамоку ба шаҳрвандони то 18-сола манъ шавад
Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзи худ зарари тамоку дар ҷомеаро ба баррасӣ гирифтааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, аъзои комиссия номгӯи тавсияҳоеро пешниҳод кардаанд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул мебошанд. Аз ҷумла, қабули чораҳои қонунгузории муборизаи зидди тамоку, таҳия ва тасдиқи чорабиниҳои иҷрои қонун оид ба муборизаи зидди тамоку, таҳияи механизми иҷроиш ва таъмини қонун оид ба муборизаи зидди тамоку, зиёд намудани андоз барои тамоку ва маҳсулоти тамоку, манъ кардани фурӯши тамоку ба шаҳрвандони то 18 сола, инчунин фурӯши чаканаи тамоку: дар муассисаҳои таълимӣ, муолиҷавӣ, муассисаҳои маданию тамошо ва тарбиявии кӯдакон; дар муассисаҳои тандурустӣ, санъат, варзиш ва ғайра, манъ кардани тамокукашӣ (истеъмоли маҳсулоти тамоку) дар муассисаҳои тандурустӣ, санъат, маориф, варзишӣ, дар объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии аҳолӣ; дар як қатор объектҳои ғизои ҷамъиятӣ; дар биноҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии иҷроия ва маъмурӣ, ташкилотҳо; дар ҳамаи намудҳои вокзалҳо, дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, дар стансияҳои метрополитен; дар ҳамаи намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра; роҳ надодани тамокукашӣ дар ҷойҳои истифодаи умум (дар ҷойҳои гашти зинапойҳова майдончаҳо, дар холли лифтҳо, роҳравҳо ва ғайра). Барои вайронкунандагон тартиб додани протоколҳои ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷарима намудани онҳо.
Манъ кардани ҷойгиркунонии (паҳнкунии) рекламаи маҳсулоти тамоку, паҳнкунии ройгони маҳслоти тамоку, аз ҷумла истифода бурдани онҳо ба сифати мукофот (туҳфа) ҳангоми гузаронидани озмунҳо, лотерея, бозиҳо, дигар чорабиниҳои фароғатӣ, рекламавӣ, маданӣ, таълимию варзишӣ ва ғайра, муайян намудани талабот нисбати бастабандӣ ва нишонагузории маҳсулоти тамоку мувофиқи талаботҳои меъёрҳои байналхалқӣ ва таъмини он, ки дар қуттӣ ва бастаҳои маҳсулоти тамоку навиштаҷоти огоҳикунандаи калон-калон, равшан, намоён ва осон хонандашаванда дар бораи зарари он барои саломатӣ ва ахборот бо баён намудани самараҳои зараноки истеъмоли тамоку мавҷуд бошанд, аз дигар тавсияҳо гуфта мешаванд.
Соли 2005 Конвенсияи амсилавии ТУТ оид ба муборизаи зидди тамоку ҳукми қонунро гирифт ва 50 кишвари аврупоӣ онро тасдиқ кардаанд. Тоҷикистон соли 2013 ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |