Ҳамчунин, иштирокчиёни омӯзиш бо асосҳои пешбурди фаъолияти аксбардорӣ дар сомонаҳои касбии ройгон шинос мешаванд. Дар охири тренинг ҳар яке аз иштирокчӣён соҳиби портфолиои инфиродии худ мешаванд. Дар тренинг 15 нафар иштирок мекунанд, ки ба тариқи озмун аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб шудаанд. Ба ҳайси тренери байналхалқӣ аксбардор ва наворбардори филмҳои мустанад Рӯзбеҳ Қосимӣ даъват шудааст. Ӯро дар омӯзиш тренерони маҳаллӣ Нозим Қаландаров, аксбардори медиагурӯҳи «Азия Плюс» ва Амир Исоев, мутахассис оид ба дизайн ва аксҳои рақамӣ шарикӣ мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, дар Тоҷикистон фотожурналистика ба таври зарурӣ рушд надорад. Ҳол он ки имрӯз дар бозори иттилоот суратҳои воқеӣ ва «гӯё»-и мустанад арзиши баланд доранд. Тамоюли муосири журналистика аз рӯзноманигор чандрасонаӣ буданро тақозо мекунад. Яъне ӯ бояд худ барои матнаш сурат бигирад, навор бардорад, садо гирад ва онҳоро таҳрир карда, дар сомона гузорад. Мавҷуд набудани омӯзиши доимии касбии фотожурналистика ва нарасидани кадрҳо ба сифати суратҳои матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Феълан на ҳамаи редаксияҳо аксбардори штатии худро доранд. Ҳамзамон аксари суратгирон худомӯз мебошанд. Набудани аксбардори касбӣ боиси чоп шудани суратҳои пастсифат дар матбуот мегардад. Масъалаи набудани суратҳои баландсифатро редаксияҳо ба таври худ ҳал мекунанд. Як қисми редаксияҳо суратҳоро аз Интернет мегиранд ва дар ин ҳол сарчашмаи онро нишон надода, ҳуқуқи муаллифиро поймол мекунанд. Ҳамчунин, як сурати мавзӯиро дар муқоваи китоб ва саҳифаҳои рӯзномаҳо дидан мумкин аст, ки инҳисорӣ ва баёнгарии худро коҳиш додаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |