Аслов баъди қатли Юсуфов дар Чин: Барои наҷоти дигарон талош мекунем
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт Вазорат натавонист Ҳасан Юсуфов, соҳибкори 51-солаи тоҷикро аз ҳукми қатл дар Чин наҷот диҳад.
Аслов имрӯз, 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ вазифаи аввалиндараҷаи Вазорат ва намояндагиҳои Тоҷикистон аст: “Аммо ҳар кишвар қонуну қоидаи худ, низому механизми худро дорад ва шаҳрвандони мо бояд расму русум ва тартиботро риоя кунанд”.
Вазири умури хориҷӣ иттилоъ дод, ки Душанбе барои наҷоти Юсуфов моҳи декабр ду маротиба ба Чин ёддошт равон кард: “Аммо афсӯс ба кор наомаду ҳукми қатл иҷро шуд”.
Ӯ илова намуд, ки феълан дар Чин 15 шаҳрванди дигари Тоҷикистон зиндонӣ мебошанд. Аслов таъкид намуд, ки дар мавриди боқимондаҳо, онҳое, ки ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд, Вазорат талоши созиш бо Чин мекунад, то маҳкумшудаҳо истирдод шаванд ё ҳукми онҳо бозбинӣ гардад.
Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, ки ба воридоти мол аз Чин машғул будаст, соли 2010 дар Урумчӣ барои қочоқи маводи мухаддир дастгир гардида, 28 январи соли равон қатл шуд.
Дар баробари Юсуфов тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон боз 3 шаҳрванди мо дар Чин ба ҳукми қатл маҳкум шудаанд. Дар маҷмуъ феълан дар Чин 8 мард ва 7 зани тоҷикистонӣ зиндониянд. Аз ин теъдод, 5 кас -- ду зан ва 3 мард ба ҷазои ҳабси абад маҳкум шуда, 7 тани дигар ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шудаанд. Миёни се нафари маҳкумшуда ба қатл занон низ ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |