Аслов дар бораи қабули Кабирӣ ва сафари Президент ба Эрон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба Эрон наметавонад ба муносиботи ду кишвар таъсиргузор бошад, вале афзуд, ки дар паҳлӯи ҳайати Тоҷикистон ҷой додани Кабирӣ хилофи бародарӣ ва шарикии ду кишвар буд.
Аслов, имрӯз, 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан Душанбе бо Эрон мушкиле надорад ва хостори мураккаб сохтани муносибот бо ин кишвар нест: "Чунин ниятро надорем".
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки бо Эрон якчанд лоиҳаи созишномаро рӯи даст доранд ва дар сурати ҳамоҳанг шудани ин созишномаҳо дар назар аст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон ташкил гардад.
Дар мавриди “нота”-и Тоҷикистон ба Эрон Аслов изҳор дошт, ки он на нигаронӣ аз ширкати Кабирӣ дар конфронси Теҳрон, балки талош барои ҷалби таваҷҷуҳи Эрон ба ҳамкориҳои минтақавию миллӣ буд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 декабр бо нишони эътироз аз иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ба сафири Эрон дар Тоҷикистон --Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ёддошт супорида буд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, дар ёддошт аз ҷумла омада буд:“Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”.
Конфронси “Ваҳдати исломӣ” 27 декабри соли 2015 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабри соли 2015 идома ёфт. Дар кори он аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ,Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |