Бахшҳо
04 фев 2016 10:35Тоҷикистон / Сиёсат

Истиқболи Аслов аз “обшавии яхҳо” миёни Тоҷикистону Узбакистон

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе аз пешрафт дар муносибот бо Узбакистон суҳбат кард.

Аслов, зимни ин нишаст, ки бо ҳузури сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе идома дорад, изҳор дошт, ки соли 2015 муносибот бо Узбакистон такони тоза касб карданд. Ӯ аз беҳбуди муносибот бо Узбакистон истиқбол карда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкориҳои созанда бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Суҳбати Аслов дар ҳолест, ки соли 2015 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон ва сафари ҳайати дипломатҳои Узбакистон ба Душанбе сурат гирифт.

“Обшавии яхҳо” дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоле ба назар мерасад, ки парвозҳои мустақим миёни ду кишвар дар соли 1992 қатъ шуда буд. Пас аз 8 сол, аз соли 2000, бо ташаббуси Тошканд байни ду кишвар раводид ҷорӣ гардид. Соли 2001, ҷониби Узбакистон бо баҳонаи муҳофизати қаламрави худ аз Ҳаракати исломии Узбакистон минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро минагузорӣ намуда буд. Аммо ахиран хабарҳо аз ҳар ду кишвар барои беҳтар сохтани муносибатҳои ҳамсоягӣ зиёдтар шудаанд.
Мӯҳр
Беҳруз
Саломун алайкум
ба фикрм агар хато накнм ягон пешниҳоди вазбин аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дода шуда аст, ки ин узбакҳо бо ҳукумати мо канор омада аст вагарна давлати узбак ғамхори милати мо нест.
шояд яке аз пешниҳод ба назари ман манъ кардани сохту сози геси Роғун бошад ки аз ин гес сохтани мо давлати каримовро хушҳол намекард шоядҳам баҳсҳои дигар ки ман аз он бехабарам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)