Бахшҳо

Даргузашти профессор Асадулло Саъдуллоев

Профессор Асадулло Саъдуллоев, адабиётшинос ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даргузашт.

Бино ба иттилои наздикон Саъдуллоев, ки муддати тӯлонӣ дар бистарӣ беморӣ хоб буд, субҳи имрӯз, 4 феврал аз дунё чашм пӯшидааст.

Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Ӯ фориғутаҳсили бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 мебошад.

Фаъолияти кориашро аз шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон шурӯъ карда, дар рӯзномаҳои “Маориф ва маданият”, “Газетаи муаллимон”, “Тоҷикистони советӣ” дар вазифаҳои мудири шӯъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир фаъолият доштааст. Соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториро ҳимоя кардааст.

Асадулло Саъдуллоев солҳои 1992-2002, 2007-2009 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ ва солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи ДМТ буд. Устод муаллифи беш аз 40 асари илмӣ ва беш аз ҳазор мақолаи публитсистӣ мебошад.

Узви Иттифоқи журналистон (1965) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992) аст. Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандаи Ифтихорномаи Совети Олии РСС Тоҷикистон мебошад. Соли 1998 барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони кишвар ба номи Лоҳутӣ шуда, худи ҳамон сол бо медали “Хизмати шоиста” қадр шудааст. Корманди шоистаи Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
Худованд чояшонро чаннат гардонад. Омин. Бехтарин устод буданд.

Шогирд
Худо дар фирдавс ҷойгоҳашон диҳад

Шогирди устод
Устод Саъдуллоев бисёр инсони шариф ва беназир буданд ва яке аз фарзандони асили точик. кош ин нохияи Вахдат аз ин гуна шахсиятхои вокеъбину вокеънигар зиёд медошт чои як мушт муллои афсонахон

Саид
Рухаш шод бод. Хеле устоди халим буданд. Месазад дигар муалимони дмт аз пайрави чунин устодон шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)