Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Таҳдиди 20-соли зиндон ба домод аз Норак: Арӯс интизор мемонад?

Мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддири шаҳри Маскав аз боздошти шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод боздоштшуда, сокини шаҳри Норак, соли таваллудаш 1994 зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ки барои тӯй маблағ ҷамъ мекард ва ӯро дар Ватан арӯс интизор аст: “Ҳангоми бозпурсӣ муайян шуд, ки боздоштшуда синфи 9-ро хатм карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия омадаст. Ӯ тасмими гирифтааст, ки бо роҳи нашъаҷаллобӣ зудтар барои тӯй маблағ ҷамъ мекунад. Маблағро ҷамъ кардааст ва бо арӯсаш дар Ватан тӯйро ба нақша гирифтаст”.
Мақомоти Маскав мегӯянд, ҷавони тоҷик аз дастраскунандагон героин гирифта дар халтачаҳо бо вазни 5 грамӣ, дар қаламрави ноҳияи Молжанинов ҷо ба ҷо мекардааст: “Зимни боздошт аз ӯ 1,5 кило героин дарёфт шуд. Аз манзили иҷорааш тарозуи электронӣ ва дигар лавозимот барои ҷобаҷогузории героин пайдо карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ба ин ҷавони тоҷик аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |