Чаро "эҳтиромона"-ро намешавад ислоҳ кард?
Яке аз ғалатҳои “ҷонсахт”, ки ахиран фарогир шуда ва ба ҳеч васила намешавад онро ислоҳ кард, ҳамин калимаи “эҳтиромона” аст.
“Эҳтиром” исми маънӣ (муҷаррад) аст, ба саволи “чӣ?” ҷавоб мешавад. Мисли шуҷоат, шарм, иззат ва аз ин қабил. Ҳамон қадар ки “шуҷоатона”, “шармона” ва “иззатона” гуфтан ғалат бошад, ҳамон андоза “эҳтиромона” низ ғалат аст. Яъне “она” анҷомае нисбатсоз аст, ки ба сифат мепайвандад (на ба исм) ва навъи амалеро баён мекунад, ки сифати манзуреро ҳамроҳ дорад. Ба иборати дигар, агар бихоҳем, анҷомаи мазкурро бо он калимаҳо бипайвандем, аввал бояд аз он исмҳои маънӣ (муҷаррад) сифат бисозем. Яъне “боэҳтиромона”, “бошармона” ё “бешармона”, “бошуҷоатона” ё “шуҷоона” ва ғайра. Аммо дар мавриди “боэҳтиромона” бояд гуфт ки бидуни “она” ҳам “бо эҳтиром” навиштану гуфтан кофист, ҳатто шартан метавон “боэҳтиром” (пешояндро часпида) навишт.
Шояд касоне эътироз кунанд, ки пас чи тавр аз калимаи исмии “мард” ба воситаи анҷомаи “она” сифат сохта шудааст? Дар посух бояд гуфт, ки дар ин маврид аз калимаи “мард” на ҷанбаи исмии он, балки ҷанбаи сифатии он, ки ба маънои шуҷоат ва диловарӣ ва сифоти дигар аст, манзур гардидааст ё чизе, ки нисбат ба ҷинси музаккар (дар муқобили муаннас) дорад, ки ҳамчунин навъе аз сифат аст (қайд). Ё вақте “хизмати хирсона” мегӯйем, манзур аз “хирс” сифати нодонӣ ва ҷаҳолат аст.
Маншаи ин ғалат корбурди иштибоҳӣ аз вожаи “эҳтироман” мебошад, ки дар навиштору гуфтори ҳамзабононамон ба маънои “бо эҳтиром” меояд ва дар қиёси калимаҳое чун “сидқан”, “эҳтиётан”, “зӯран” сохта шудааст. Пас, лозим аст, минбаъд аз ин мафҳум ба сурати “бо эҳтиром” (боэҳтиром) ё “эҳтироман” кор бигирем. “Муҳтарамона” низ саҳеҳ аст.
Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”, Фейсбук)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |