Суғд: 72 парвандаи ҷиноӣ барои хариду фурӯши асъори хориҷӣ
Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар соли 2015 барои бидуни иҷозатнома ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул шудани шаҳрвандон 72 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилоят дар нишасти хабарии солонааш дар шаҳри Хуҷанд гуфт, бо мақсади самаранок ба роҳ мондани назорат ба иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба танзими асъор ва назорати он тибқи супориши Додситони кулл, аз моҳи марти соли сипаришуда дар вилоят ва шаҳру навоҳӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, милиса, андоз, амнияти миллӣ ва шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ гуруҳҳои корӣ ташкил гардид: “Ин гуруҳи корӣ ҳолатҳои бидуни иҷозатнома ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул будани шаҳрвандонро муайян намуд ва вобаста ба онҳо 72 парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 286 ва 252 парвандаи маъмурӣ бо моддаҳои 535 ва 541 оғоз карда шуд”.
Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи босуръат боло рафтани қурби доллар моҳи декабри соли 2015 фаъолияти саррофиҳоро берун аз бонкҳо манъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |