Вазири нақлиёт: Аз пулакӣ кардани роҳҳо даст намекашем

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, барои ширкатҳое, ки омодаанд, дар кишвар роҳҳои пулакӣ бунёд намоянд, иҷоза дода хоҳад шуд.
Ганҷалзода, имрӯз, 3 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе пулакӣ кардани роҳҳоро таҷрибаи роиҷ дар ҷаҳон ва яке аз роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи нақлиёт хонд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳукумат дар солҳои наздик нақшаи пулакӣ кардани ягон роҳи кишварро надорад: “Аммо аз ин таҷриба даст кашиданӣ ҳам нестем. Ширкатҳое ҳастанд, ки омада роҳи пулакӣ месозанд, якчанд сол истифода мебаранд ва пулашонро ҷамъ мекунанду роҳро боз супорида мераванд. Дар шароити кӯҳсори мо ин чизро карда намешавад, аммо дар минтақаҳои ҳамвор имкон дорад. Роҳи будагӣ мемонад ва агар ширкате пайдо шавад, ки аз нуқтаи А то Я роҳ созаду пулакӣ кунад, барои чӣ не?!”.
Дар Тоҷикистон роҳи пулакии Душанбе–Бӯстон-Чаноқ аз соли 2010 ин ҷониб фаъол аст, ки феълан ягона дар кишвар мебошад. Ба гуфтаи вазири нақлиёт ин роҳ ба муддати 30 сол ба ширкати IRS дода шудааст ва тибқи шартнома таъмиру тармими ин роҳ бар дӯши ширкат аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |