Антонов: Амнияти Тоҷикистон амнияти Русия аст
Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия гуфтааст, бо назардошти таҳдидҳо аз Афғонистон кишвараш ҳадди имкон артиши тоҷикро бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ таъмин хоҳад кард.
Антонов, имрӯз, 3 феврал, дар Душанбе зимни мулоқоташ бо Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон изҳор доштааст, “ҳамкорон ва бародарони тоҷики мо имрӯз ба таҳдидҳои нав рӯбабрӯ шудаанд. Бо назардошти мушкилоти Афғонистон мо тамоми имкониятҳоямонро барои таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон равона месозем”.
Вазири мудофиаи Русия ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ бо Тоҷикистонро яке аз самтҳои афзалиятнок барои Маскав арзёбӣ кардааст: “Мар бар инем, ки ҳар қадар амнияти Тоҷикистон хуб таъмин бошад, ҳамон қадар амнияти Русия таъмин аст”.
Ӯ пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро кафили амнияти кишварҳои узви СПАД хонда, таъкид намуд, ки беҳбуди афсарони пойгоҳ бояд дар маркази таваҷҷуҳ бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |