Ҷанҷоли ду қудо сабаби марги падари домод ва захмӣ шудани 5 нафар шуд

Дар пайи ҷанҷоли ду хонавода дар ноҳияи Ҳисор як марди 70-сола кушта ва панҷ аъзои оилаи ӯ ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳидоятулло Холов, яке аз хешовандони Абдусамад Алимардонов, пирамарди фавтида ба “Озодагон” гуфт, ҳодиса 31 январ дар деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор ба вуқӯъ пайвастааст. Ӯ мегӯяд, ин ду хонавода бо ҳам қудо буданд ва ҷанҷол сари тақсими ҷиҳози домоду арӯс баъди аз ҳам ҷудо шуданашон сар задааст. Ба гуфтаи вай, Ҳасан, писари Абдусамад бо Вилоят Низомова моҳи ноябри соли 2014 хонадор шуда, панҷ моҳ қабл аз ҳам ҷудо мешаванд: “Рӯзи 31 январ имомхатиб ва раиси ҷамоат барои кумак дар тақсими ҷиҳози онҳо ба хонаи Абдусамад омаданд. Суҳбатҳо хуб буд, касе эътироз надошт, аммо ногоҳ 15-20 нафар аз ҷониби арӯс, ки дар ҳамон наздикиҳо дар кадом тӯе будаанд, омада, ҳамаро зери мушту лагад гирифтанд”.
Ба қавли ӯ, дар натиҷаи ин латту кӯб Абдусамад Алимардонови 70-сола, ки бемор буд, ба ҳалокат расида, панҷ аъзои дигари хонаводааш захм бардоштанд: “Аз лаҳзаи аввали ин ҳодиса мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додем, аммо ягон чораи ҷиддӣ надиданд. Ҷасадро барои ташхис бурданд, аммо ҳанӯз натиҷаашро эълон накардаанд”.
Талоши мо барои суҳбат хонаводаи дигар то ин лаҳза бенатиҷа буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |