Парлумон лоиҳаи тағйирот ба қонуни матбуотро бозпас гардонд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, меъёри баҳсбарангези лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуотро, ки Вазорати фарҳанг метавонад, дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти расонаҳоро то се моҳ мутаваққиф кунад, қабул накард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 3 феврал зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”.
Оқои Зуҳуров гуфт, тибқи қонунгузории феълӣ мутаваққиф кардани фаъолияти расонаҳо дар салоҳияти суд аст ва афзуд, бигзор минбаъд низ чунин бошад: “Намояндагони ВАО ором бошанд, мо ин қисматро қабул намекунем”.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ишора ба норозигии созмонҳои журналистӣ аз тағйироти пешниҳодкарда ба қонун дар бораи матбуот аз Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг суол кард, оё ин лоиҳа бо ҷомеаи рӯзноманигорӣ мувофиқа шудаст? Вазир посухи мушаххас надод.
Ҷаноби Орумбекзода зимни муаррифии лоиҳаи тағйирот ба қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” изҳор дошт, ҳадафи он мутобиқсозии қонун ба Конститутсия, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва таъмини эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Вазири фарҳанг дар идома афзуд, имрӯз терроризми иттилоотӣ ба назар мерасад: “Ҳадафҳои ғаразнок набояд дар матлабҳо ҷой дошта бошанд”.
Дар идома Шукурҷон Зуҳуров аз хабарнигорони ҳузурдошта дар парлумони хост, то як намояндаашонро барои суханронӣ интихоб кунанд. Рӯзноманигор Аваз Юлдошов барои суханронӣ дар назди вакилон пешбарӣ шуд ва ӯ изҳор дошт, лоиҳаи тағйирот ба қонун дар бораи матбуот ва дигар ВАО бе мувофиқа бо ҷомеаи журналистӣ таҳия гардидаст. Юлдошов зарур хонд, ки зимни таҳияи чунин лоиҳаҳо Вазорати фарҳанг бояд мулоқотҳо бо ҷомеаи рӯзноманигориро баргузор мекард.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар пайи баромади Юлдошов хостори ҳамкории бештар ва созандаи Вазорати фарҳанг бо рӯзноманигорон шуд. Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар навбати худ изҳор дошт, расонаҳо аз тағйироти пешниҳодшуда хабар доштанд: "Агар хабар намедоштанд, дар бораи он дар расонаҳо наменавиштанд". Ӯ таъкид намуд, ҳадафи тағйирот маҳдудсозии озодии сухан нест, балки таъмини масъулиятшиносии бештари рӯзноманигорон аст.
Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ изҳор дошт, лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар бораи матбуот ва дигар ВАО аз қонуни қабл беҳтар мебошад. Зуҳуров таъкид кард, журналистон бояд ҳамеша ҳақиқатро нависанд. Дар пайи баррасӣ, лоиҳаи барои ҷобаҷогузории бандҳо бозпас гардонда шуд. Барои ҷобаҷогузории бандҳо як гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон масъул таъин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |