Қатъи ваколатҳои Ватанзода ва таъини Худоёрзода ба раҳбарии КМИР
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 3 феврал ваколатҳои вакил Маҳмадалӣ Ватанзодаро пеш аз муҳлат қатъ карда, таъини Бахтиёр Худоёрзодаро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон тасдиқ кард.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни ҷаласа изҳор дошт, ки Ватанзода содиқонаю самимона кор кард ва ин аз ҷониби президенти Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 27 январ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадуллоро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси олӣ таъин кард. Раисиҷумҳур инчунин Худоёрзода Бахтиёр Таварро аз мақоми раҳбари дастгоҳи президент барканор намуда, номзадиашро ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ пешниҳод кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |