Вазорат: Тафтиши додситонӣ бо шикояти раҳбари “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” оғоз шуд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, кормандони додситонӣ ба санҷиши аризаи раҳбари пешини “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” аз раёсати авиатсияи гражданӣ машғуланд.
Шералӣ Ганҷалзода имрӯз, 3 феврал дар нишасти хабарии Вазорати нақлиёт гуфт, Рустам Холиқов, раҳбари пешини “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” иддао дорад, сардори раёсати Авиатсияи гражданӣ ба фурудгоҳ беш аз як миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст. Ӯ гуфт, замони тафтишоти додситонӣ сардори раёсат дар хориҷи кишвар қарор дошт: “Рӯзҳои наздик бояд хулосаи додситонӣ пешниҳод шавад”.
Ин дар ҳолест, ки 27 январи соли ҷорӣ Рустам Холиқов аз раҳбарии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” озод ва ба ҷои ӯ Абдуллозода Исматулло Файзулло таъин гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |