Суди конститутсионӣ тағйирот ба Сарқонунро 4 феврал баррасӣ мекунад
Суди конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал пешниҳоди парлумон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод аз ҷумла мутобиқати тағйиру иловаҳои пешниҳодкардаи парлумон ба меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Қаблан Маҳмадалӣ Ватанов, вакил ва феълан намояндаи президент дар парлумон изҳор дошта буд, ки баъди хулосаи Суди конститутсионӣ матни тағйиру иловаҳо пешниҳоди омма мегардаду санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ муайян мешавад.
Ватанов изҳор дошт, ки тибқи тағйироти пешниҳодшуда аз қонуни асосӣ мафҳуми Сарқонун гирифта, хоҳад шуд, чун калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан ифода мекунад.
Инчунин ба гуфтаи Ватанов тибқи тағйирот Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд: “Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт”.
Дар баробари ин синни номзадҳо ба президентӣ аз 35-соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон илова намуд, ки дар баробари поин овардани синни номзадӣ ба президент, ки роҳ барои ҷавононро мекушояд, тибқи тағйироти пешниҳодшуда аъзои ҳукумат пеш аз оғози кор савганд ёд хоҳанд кард. Ӯ илова намуд, ки тибқи тағйирот Шӯрои адлияи Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
Бар асоси пешниҳоди вакилони парлумон Конститутсияи нав инчунин мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишварро мамнуъ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |