Бахшҳо
02 фев 2016 17:24Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баъди таҳримҳо. Наздики 3 миллион литр соляркаи Эрон дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон

Дар пайи лағви таҳримҳои иқтисодии Эрон 2.9 миллион литр сӯзишвории дизелии ин кишвар роҳии Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Дунёи иқтисод”-и Эрон хабар додааст.

Ин манбаъ аз қавли Муҳаммади Қароӣ, мудири ширкати миллии пахши фаровардаҳои нафтии минтақаи Хуросони Разавӣ гуфтааст, нахустин бор аст, ки Эрон ба Тоҷикистон сӯзишвории дизелӣ интиқол медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, “аввалин корвони ҳомили сӯзишвории дизелӣ аз масири марзҳои заминии устони Хуросони Разавӣ ба ин кишвар равон шудааст”.

Оқои Қароӣ таъкид кардааст, то кунун фаровардаҳои нафтии Эрон аз марзи Дуғорун, як минтақаи гумрукии ин кишвар танҳо ба Афғонистон содир мешуд: “Бо тавваҷуҳ ба шароити баъди лағви таҳримҳо тақозои хариди сӯзишвории дизелии Эрон аз Тоҷикистон барои нахустин бор ибтидои баҳманмоҳи соли ҷорӣ сурат гирифтааст”.

Исмоил Фирӯз, сарпарасти умури байналмилалии ширкати фаровардаҳои нафтӣ ба "Дунёи иқтисод" гуфтааст, миёни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо Тоҷикистон як бозори билқувва барои содироти сӯзишвории дизелӣ ва фаровардаҳои нафтии Эрон аст. Хабаргузории "Меҳр" мегӯяд, Эрон қасд дорад, пас аз Ироқу Афғонистон Тоҷикистонро ба саввумин муштарии сӯзишвории дизелии худ дар минтақаи Ховари Миёна табдил бидиҳад.
Мӯҳр
Бсер Шодшидам ки Мо бо Эрони Бародарони Худ Кариб Мешем Мо Якмиллат Хастем ба Номи Форс.Мо Бояд Бо Якшем

Азс
Илтимос аз чашми кози ин дизельро пинхон кунед

Озодагон, ягон муаллими забони точики гиретон ки ёд тияд ба шумо забони МОДАРИРО!!!

Ахсан бародарони эрони! Милати Точик но вобаста аз баъзе мансабдорони бе андеша медонад, ки Эрон ки як чузъи милати Точик аст, хеч гох бо мо душман нахохад буд. Мана эшони Саидмукарам ва исломшиноси № 1 ва баъзе касоне, ки тухматхо ба эрон чанд руз пеш мезадед. Холо гумруки Точикистон ин сузишвориро низ ба нархи гарон хохад фурухт? Пешниход мекунам, ки Эрон дар Точикистон ба мисли Газпроми Россия базахои фуруши худро сохта тичоратро ба рох монад. Шарм кунед пас аз ин баъзе мардуми тафрикаандоз!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)