Тағйироти кадрӣ: Аз вазифаи Шерхон Салимзода то нафақаи Саидамир Зуҳуров
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2 феврал як қатор тағйироти кадриро амалӣ намуд.
Тибқи иттилоияи расмӣ, Салимзода Шерхон Одина, собиқ додситони кулли Тоҷикистон - директори Агентии назорати маводи нашъаовар таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Рустам Назарзодаро иваз кард, ки акнун ба курсии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ такя мезанад.
Абдураҳимов Хайриддин Саидович аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда озод ва сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Раҳбари пешини ин ниҳод -- Сайдамир Зуҳуров бознишаста шудааст.
Раҳмонзода Усмон Сабз аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҷумазода Шарифҷон, мудири Котиботи сарвазири мамлакат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор таъин шуд. Ҳокимзода Исматулло Ҳоким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод ва ба ҷойи ӯ Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин таъин гардид.
Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин карда шуд. Бобозода Ғуломҷон Ҷура ба мақоми сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид. Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ озод ва ба ҷойи ӯ Умарзода Саида Ғайрат таъин гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |