Шоҳназаров: Таъиноти нави Озода Раҳмон хилофи қонун нест
Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мегӯяд, таъини Озода Раҳмон ба мақоми раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент хилофи қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия” нест.
Ӯ имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суоли "Озодагон" гуфт, дар таъини Озода Раҳмон меъёри моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, ки хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздикро ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ кардааст, нақз нашудааст. Ба гуфтаи Шоҳназаров, меъёри қонун риоя шудааст, зеро Озода Раҳмон бевосита тобеи сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
27 январи соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон духтараш -- Озодаи Раҳмонро, ки ноиби аввали вазири умури хориҷӣ буд, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |