Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Ноиби Р.Эмомалӣ фасодкории сардорони раёсатҳоро рад кард

Наимӣ Аламхони Қодириён, муовини якуми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз, 2 феврал барканории ахири сардорони раёсатҳои ин ниҳодро шарҳ дода, овозаҳо дар мавриди фасодкории онҳоро рад намуд.
Ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон фармони барканории Шарифзода Миралӣ Саидалӣ - сардори раёсати кадрҳо ва Суннатзода Самандар Мирзо, сардори раёсати амнияти дохилии ин ниҳодро имзо кард. Дар мувофиқа бо президент Додоҷонов Умедҷон Муҳидинович сардори нави раёсати кадрҳо Аваззода Шараф Тавар, сардори раёсати амнияти дохилии Агентӣ таъин гардиданд.
Ин тағйирот дар пайи овозаҳо оиди ифшои фасодкорӣ миёни мансабдорони Оҷонсии зидди фасод сурат гирифт. Аммо Аламхон Наимӣ ифшои фасодкории сардорони раёсатҳоро рад намуда, афзуд, ки феълан масъулини барканоршуда дар ихтиёри шуъбаи кадрҳо қарор доранд.
Дар баробари ин Наимӣ иттилоъ дод, ки тайи соли 2015 дар фаъолияти 44 корманди ин ниҳод камбудӣ ошкор шуд. Ӯ гуфт, барои вайрон намудани интизоми хизматӣ, бемасъулиятӣ ва дигар камбудиҳо 44 корманди Оҷонсӣ муҷозот шуданд: "Аз ҷумла 9 нафар сарзаниш, 19 нафар танбеҳ, 2 нафар ба вазифаи паст ва 6 нафар аз мансабашон дар Оҷонсӣ барканор шудаанд".
Қодириён чанд моҳи қабл изҳор дошта буд, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 480 коргар, аз ҷумла 89 хизматчии давлатии самти назорати молиявӣ ва 391 хизматчии ҳарбӣ дорад: “Маоши хизматчиёни давлатӣ 940 сомонӣ ва аз хизматчиёни ҳарбӣ 1265 сомониро ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |