Раиси Тоҷиксодиротбонк: Президент моро таъриф кард, овозаи муфлисшавӣ дурӯғ аст
Тоҷиддин Пирзода, раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” овозаҳо дар бораи вазъи бади молиявии бонки тобеашро рад карда, гуфтааст, ин овозаҳо аз ҷониби гуруҳҳои манфиатдор паҳн мешаванд.
Ӯ дар шарҳи овозаҳо дар мавриди эҳтимоли муфлисшавии “Тоҷиксодиротбонк” ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, умри дурӯғ кӯтоҳ аст: “Саҳми Тоҷиксодиротбонк дар низоми бонкии кишвар аз 21 то 27 дарсадро ташкил дода, феълан 95 намояндагии бонк бо шароити муосир дар нуқоти гуногуни кишвар фаъолият доранд. Агар соли 2006 бонк 315 коргар дошт, айни ҳол 3 327 коргар дорем”.
Раиси "Тоҷиксодиротбонк" дар идома гуфтааст, овозаҳо дар мавриди вазъи буҳронии бонки тобеаш метавонад ду омил дошта бошад: “Нахуст-буҳрони молиявии ҷаҳонӣ мебошад, ки зери таъсираш ба иқтисодиёти Тоҷикистон нишондодҳои истеҳсолӣ дар кишвар коҳиш ёфтанд. Инчунин вазъи бади молиявӣ дар Русия боиси коҳиши даромади муҳоҷирон шудааст, ки инро бисёре аз оилаҳо дар Тоҷикистон эҳсос карданд. Қобилияти харидории аҳолӣ кам шуд, гардиши мол поин рафт ва дар натиҷа барои мизоҷон бозгардондани қарзҳои бонк мушкил гардид. Гузоштани пасандозҳои бонкӣ кам гардида, якбора мизоҷон хостори гирифтани пасандозашон аз бонк шуданд. Барои ин бонк на бархе ҳолатҳо натавонист саривақт ва пурра уҳдадорияшро иҷро кунад”.
Тоҷиддин Пирзода афзудааст, омили дуюми овозаҳо метавонанд гуруҳҳои манфиатдор бошанд, ки қасдан чунин дурӯғро паҳн мекунанд: “Гуруҳҳои манфиатдоре ҳастанд, ки бо мақсади халалдор намудани рушди иқтисодии Тоҷикистон ва эҷоди нобоварӣ миёни ҳамватанон чунин овозаҳоро паҳн мекунанд. Ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони бонкҳо, ки 22 январ баргузор шуд, таъкид гардида буд”.
Ӯ гуфта, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз "Тоҷиксодиротбонк" тавсиф намудааст, ки бо бунёди биноҳои муосири намояндагиҳо дар навоҳии кишвар мардумро бо ҷои кор таъмин мекунад: “Дар мулоқот раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҷаҳиши қурби асъори хориҷӣ дар кишвар омили сунъӣ низ дорад. Раисиҷумҳур афзуд, ки мафҳуми қурби кӯча ва қурби расмӣ бояд аз байн бурда шаванд, бояд қурби ягона бошад, ки онро на кӯча, балки Бонки Милллӣ муайян мекунад”.
Дар мавриди он ки Бонки рушди Тоҷикистон, ниҳоди тобеи "Тоҷиксодиротбонк" ба бонки исломӣ мубаддал мешавад, ҷаноби Пирзода изҳор дошта, феълан бо ин ҳадаф бо Корпоратсияи исломиии рушди бахши хусусӣ - ICD, ҳамкорӣ доранд: “ICD 7 гуруҳи мушовиронашро ба Бонки рушди Тоҷикистон фиристодаст. Ин гуруҳ айни ҳол дар Бонки рушди Тоҷикистон дар мавриди мутобиқсозии идора бо шариати Ислом, муҳосибот, мутахассисон, дарёфти бозор ва ғайра кор карда истодаанд. Ният дорем, дар нимсолаи дуюм бонкдории исломиро роҳандозӣ кунему ба мизоҷон нахустин хизматрасониҳоро дар ин шакл пешниҳод намоем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |