Ифшои фасодкорӣ дар мақомоти судӣ 2 баробар зиёд шудаст

Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 бо ҷурми фасодкорӣ 4 корманди мақомоти судӣ боздошт шудаанд, ки дар муқоиса бо соли 2014 - 2 баробар зиёд мебошад.
Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон, имрӯз, 1 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки нисбати 4 ҳолати фасодкорӣ ҳукми суд аллакай содир шудааст. Дар қатори фасодкорон раиси Шӯрои адлия аз ҷумла котибҳои суди шаҳри Чкалову ноҳияи Спитамен ва пристави суди ноҳияи Вахшро ном бурд.
Ба иттилои манбаъ соли 2014 ҳамагӣ ду ҳолати даст ба фасодкорӣ задани судяҳо ошкор шуда буд.
Шӯрои адлияи Тоҷикистон инчунин аз ифшои иштибоҳ дар фаъолияти 130 додрас тайи фаъолияташон дар соли 2015 хабар дод. Ба гуфтаи Муродзода Шӯрои адлия соли гузашта 101 аризаи шикоятӣ аз санадҳои судиро дарёфт кардааст: “Дар пайи санҷишҳо дар фаъолияти 130 судя камбудиҳо ошкор гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.
Раиси Шӯрои адлия афзуд: “Дар пайи ошкор шудани камбудиҳо нисбати 27 судяи дигар муҷозоти интизомӣ пешбинӣ шуда, ба комиссияи тахассусии судҳо ирсол гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |