Бахшҳо

Олим Салимзода: Тарҳи қонуни матбуот ба Сарқонун мухолифат надорад

Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфтааст, лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ба Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мухолифат надорад. Ин нуктаро ӯ имрӯз, якуми феврал дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон изҳор доштааст.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз чаҳор созмони журналистии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз тарҳи мазкур нигаронӣ ва онро маҳдуд кардани озодии баён дар кишвар унвон карданд. Онҳо бо зикри ин нукта, ки тарҳи мазкур кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарқонуни кишвар аст, аз ҳукумат ва Маҷлиси олӣ дархост намуданд, аз қабули тағйироти пешниҳодшуда худдорӣ варзанд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи шӯро, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии кишвар баргузор шуд, тарҳи мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи он ҷонибдорӣ гардид. Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфтааст, ин лоиҳа бо ҳадафи беҳтар кардани назорат оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ таҳия шудааст: “Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар Қонуни амалкунанда салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин мақомоти прокурорӣ ва судӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо ҳангоми қонуншиканиҳо ё дигар асосҳои ҳуқуқии қатъ гардонидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муайян карда нашудааст”.

Манбаъ мегӯяд, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ ва ризоият додааст, ки ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардад.
Мӯҳр
Мухаммад
Маърифат нест дар ин кавм(манзур МНОЧТ аст) Худоро мададе, То барам гавхари (манзур матбуоти точик аст, ки ганче аст барои миллати точик) худро ба харидори дигар. Ба хеч вачх ин корро набояд кунанд, агар миллатдусту точикпараст бошанд.

Ба чаноби Оли пешниход дорам, ки хамин Мачлиси намояндагонро бархам дихад. Зеро миллионхо маблаги буча- пули мардуми тарики андоз ба буча воридшударо хурда кайфу сафо мекунанд, вале ягон пешниход ва дархости интихобкунандахоро ба инобат намегиранд. Чизе ки вазоратхо пешниход кунанд барои манфиати худ, бе чуну чаро дасгири карда мешавад. Тамоки тагирот ба конунхо холи мардуми мазлумро боз хам вазнинтар карда истодааст. Агар бархам доданаш мушкил бошад, акаллан 50 фоизи маоши инхоро кам кунанд, яъне 1100 доллар неву 500-600.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)