Бахшҳо
01 фев 2016 10:17Тоҷикистон / Сиёсат

Норозигии сокинони Бадахшон аз “ношукрӣ”-и раис аз кӯмакҳои Оқохон

Суҳбати ошкорои Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон бо рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур, ки кумакҳои Бунёди Оқохонро ба вилоят ночизу эҳсоснашаванда хондаст, норозигии бархе аз сокинони вилоятро ба вуҷуд овардаст.

Шодихон Ҷамшед дар ин суҳбат аз хисороти зиёди офатҳои ахири табиӣ ба мардуми вилоят ёд оварда, гуфтааст, ҳукумат саривақт зарардидаҳоро бо шароити хуби зиндагӣ таъмин намуд. Дар ин баробар кумакҳои Бунёди Оқохонро ба зарардидагон хеле ночиз хонда, таъкид кардааст, мардум ҳам инро ҳис карданд. Раиси вилоят ҳаҷми маблағгузории Бунёди Оқохонро ба вилоят дар соли гузашта 5-8 миллион сомонӣ арзёбӣ намуда, илова кардааст, ин сирф маблағҳои фонди Оқохон нест: “Ин маблағҳои донорҳост, ки бо фонди Оғохон ҳамкорӣ мекунанд”.

Ӯ дар идомаи суҳбат афзуда, "мардум дигарбора итминон пайдо кард, ки воқеан давлат пойбарҷост. Ба ягон ташкилоту идораҳои кумакрасон дигар умед надоранд".

Таъкидҳои раиси Бадахшон сабаби норозигии бархе сокинони Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Гуруҳи сокинони вилоят дар гуруҳи "Pamir-News"-и Фейсбук раисро ба "ношукрӣ" муттаҳам карда, таъкид намуданд, маҳз кумакҳои Бунёди Оқохон дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ буд, ки мардумро аз гуруснагӣ наҷот дод. Корбарони интернет кумакҳои Бунёди Оқохонро ба соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии қишлоқ, энергетика, маориф ва ғайраро зикр карданд. Ҳокимшо Зулфиқоров, масъули Бунёди Оқохон изҳор доштааст, ки шояд нашрия дар мавриди ҳаҷми кӯмаки Бунёди Оқохон иштибоҳ кардааст, ё ҳаҷми кӯмаки ҳамагӣ як институти Бунёдро дар назар доштааст. Ба гуфтаи Зулфиқоров кумаки шабакаи Оқохон танҳо ба Бадахшон дар соли гузашта зиёда аз 200 миллион сомониро ташкил додаст.

Раиси вилояти Бадахшон дар суҳбат бо Шарифи Ҳамдампур гуфтааст, соли 2016-ро дар Бадахшон соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон кардаст. Ӯ бо зикри сарҳади 800 километрӣ бо Афғонистон, илова намудаст, ки ҷавонони Хоруғ таҳти таъсири гурӯҳҳое, ки аз соли 1992 бо номи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пайдо шуда буданд, қарор доранд: “Ҳанӯз ҳам ин гурӯҳҳо таъсир, нуфуз ва эътибори худро доранд. Ҳозир то андозае давраи ҳалли ин проблема расидааст...”

Раиси Бадахшон изҳор доштааст, дар вилоят қонуният пурра риоя намегардад ва инро ба камбудӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ, прокуратура ва ҳифзи ҳуқуқ рабт додаст. Раиси вилоят ишора намудааст, ки ҷинояткорон дар дохили “система” аз ҷумла миёни атрофиёни маҳдудаш одамони худро доранд: “Ҷинояткорон аз дохили "система" гап мегиранд. Баъе чизҳое барои онҳо ошкор аст, ки ҳайрон мешавам, ки аз куҷо ин гапҳоро мегиранд. Ман дар доираи маҳдуд ҷаласа мегузаронам, аллакай барои онҳо маълум аст. Ман дар ин ҷо раиси вилоят ҳастам. Мақомоти қудратӣ маро ҳимоят кунад, на ин ки ман онҳоро. Ҷинояткорро онҳо бояд рафта биёранд, на ин ки раиси вилоят. Дар назди қонун ҳама баробар аст. Касе ҷиноят кард, бояд ҷавоб гӯяд. Қонун раҳму шавқатро намепарастад”.
Мӯҳр
Ба гайри худат, дигар кадом сокин норозиги кардааст. Кани номашонро овар. Норозигии онхо дар чи шакл буд, ба ки карданд? Хатти ба раиси вилоят ё дахони бар шумо? Дар окохонпарасти хам ба ифрот рох надихед

Додихудо аз Рушон
Агар шумо худтон ба чои мо мебудед, баъд мефахмидед, ки шукру ношукри чист.Шодихон Чамшед дуруст гуфтааст. Худи шумо ношукрен, ки хукумату Огохона ай хам чудо мекунен. О хамин Хукумат буд, ки ай рузхои аввали офат,ба пахлуи мо омада расиданд.Баъд дигархо бедор шудан.

Shukrona
Афзалшо,
Ин чо сухан дар бораи парастиши касе ва ё чизе нест. Норозигии сокинон аз дуруги Раис буд, ки зиёда аз 200 миллиони кумакро ба 6-8 кохиш дод.

Резагул аз Хоруг
Хонаву дари ман соли гузашта дар Барсем аз офати сел тамоман харобу несту нобуд шуд. Кадоме аз шумо "шукргузорон" ба мора кумак карден, ки бо лоф мезанен? Ага хамин хукумат хамара чамъу гир намекарду дастгири намекард,ягонтаи шумо хишта болои хишт намемондед.

Ванчи
Э мардум, раис аз тамоми кумакхои Огохон нагуфтааст. У танхо соли гузаштаро гуфтааст. Солхои чангро чи лоизм ин чо овардан? Огохон дар солхои чанг на танхо ба Бадахшон, балки ба дигар минтакахои Точикистон низ кумак намудааст.Афзалшо,

Андарз аз Шугнон
Раиси мухтарам Шодихон Чамшед! Шумо шахси гамхору дурбин ва пурбардошт будаед. Ташакур ба шумо,ки метавонед, нотарсида вокиеят, хакикати холро ба чомеа ошкор намоед. Набошад мо аз кору рафтори ношоистаи ин "шукргузорон"-и вилоят имрузхо дар пеши мехмонхое ,ки хусусан ба шахри Хоруг ворид мешаванд, даххо маротиба суху сафед мешавем. Ахсан раис, мо мардуми одди бо шумо барин фарзандони ростгую часур хастем ва фикру акидаи шуморо дастгир мекунем.

Пурдил
Ачабо раси вилоят: "дар соли гузашта 5-8 миллион сомони" ХАЛК:"дар соли гузашта зиёда аз 200 миллион"! Бовар надорам, ки халк дуруг гуяд! Чун дуруги раисонро зиёд шунидаем!!!!

гурухи сокинон
Мо бошандагони шахрчаи Рахмонободи вилояти Бадахшон аз раиси вилоят мухтарам Шодихон Чамшед шукрона мекунем, ки гапи хакка натарсида ба рузноманигор гуфтаанд. Охир кумаки рохбурияти давлату хукумати Точикистона мо худамон аз хама пеш хис кардем. Худи Президент, Пешвои миллат хангоми ташрифашон ба вилоят ба назди мо омада.моро дилбардори карда.гуфтан ки ман дар пахлуи шумоам ва ба дигар вакилону рохбарони вилоят супориш доданд, ки дар бартараф намудани окибатхои сел ва обод кардани хонаву дари мардумва то риштаву сузан таъмин намудани мардуми офатзада икдоми чидди кунанд.Дар назди мардум гуфтанд, ки "ман ба кори раисони вилояту дигар аъзои Хукумат он вакт бахо медихам, ки тамоми мушкилоти мавчуда аз чумла баркарор кардани роххои харобшуда ва манзилу макони сокинони дехаи Барсем пурра баратарф карда шаванд". Инро танхо касе метавонад гуяд, ки мардумашро дуст медорад ва ба чон мехохад кумакашон кунад. Хамин тавр хам шуд. аз хама чимхат мо таъминем.имруз..Ин моро рухбаланд намуд. Пас аз ки шукр гуему аз ки ношукри.

Маълим
Дуруст гуфтааст.
Оғохон ба Бадахшон як тангаи зард додагиш не.
Он проектҳову "ғамхориҳо" ҳамааш аз кисаи дигар кишвару фондҳои хориҷӣ аст.
Оғохон агар он қадар дилсӯзи мардуми Бадахшон бошад, пас қиммати барқро барои чӣ бо доллар ба мардум мефурӯшад. Паси Помир энержи маҳз ҳамин Фонди Оғохон аст.
Мардуми гарифи Бадахшон, кани аз Оғохон талаб кунед, нархи барқро баробари дигар минтақаҳои Тоҷикистон кунад, бинем чӣ посух медиҳад.

ДАР ИН КОМЕНТАРИЯХО ДУ НАМУД ОДАМО ХАСТАНД, ТАРАФДОРОНИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИФ КАРДА ИСТОДААНД, КИ БЕ ШУБХА СУПОРИШРО ИЧРО КАРДА ИСТОДААНД. ВА ДУЮМ ГУРУХ ОДАМОНЕ, КИ ХАКИКАТ МЕГУЯНД. МАН БА ИН ДУ ГУРУХИ ШУМО ШОМИЛ НАМЕШАВАМ, ЧУНКИ МЕДОНАМ, ОН ЧИЗЕ КИ РАИС ГУФТААСТ ИН СИЁСАТ АСТ, СИЁСАТИ ДАВЛАТ. ДАР СИЁСАТУ МАНСАБДОРИ АЗ ОДАМ ХАМА ЧИЗРО ИНТИЗОР ШУДАН МУМКИН. ВА БОЯД КАЙД КАРД КИ ИН ЧО ДУ ТАРАФ ЯСТ, ШАХСИЯТИ РАИС ВА МАНСАБУ СИЁСАТ. ШОЯД ДАР ДИЛАШ ШУКРГУЗОР БОШАД ЛЕКИН СИЁСАТ БАРЪАКС ТАЛАБ КАРДА ИСТОДААСТ

сарваршо
Окои раис вактхои охир шабакахои телевизионии Точикистон аз номи вилоятатон ибораи МУХТОРИ КУХИСТОНро лагв кардаанд. оё шумо аз ин хабар доред ё дар зери коса нимкосае пинхон аст. чаро эрод намегиред чун раис ва вакил ки номи вилоятатонро пурра талаффуз кунанд нотикони тв. масалан сатрхои равони Тв ; дар гарби Бадахшон борон ...дар вилояти Хатлон, вилояти Сугд.... чаро ВМКБ наменависанд????? мухабати мардум ба ИМОМАШОН бошад хавола ба имонашон аст на ба хости хоким... имонро бо ИШК мехаранд на ба пулу кумаки моддииии... чунин амалхо номакбул окибат ВАХДАТИ мардуми кишварро рахчадор мекунанд..Чаро окил кунад коре ки боз орад пушаймони..??????

Джамшедов шодихон сархамиро дуст медоштаст .. локин ин ба иардуми Бадахшон дахл надорад.. ин хел мардон дар Бадахшони бузургамон бисёр ва бисёр кам хастанд.. Афзалшо,
Афзалшо,
Афзалшо,

Дар баркарор намудани манзилхои истикомати барои сокинони дехаи Барсем аз рузи аввали рух додани ходисаи табии, дар давоми корхои баркарорсозии хонахо ва то ба истифода супоридани хонахо Раиси вилоят дар пахлуи мардум шабу руз хамрох буд. Барои дастгириатон сипосгузорем мухтарам Раис. Мо бо Шумо хастем!

Ё туба, ва ҳазор бори дигар туба, наход Шумо надонед, ки буҷаи давлати мо Нул тамоман ночиз шудааст. Наход Шумо надонед, ки Кумитаи фавқулода донорҳоро дар як ҷо гирд оварда як руйхати дароз медиҳад, ки аз руйи ин руйхат ба осебдидагон кумак расонанд. "Кора хит карде ё не?" ба гуфти лаҳчавӣ. Ононе, ки ҳаматарфа раисро тарафдорӣ мекунанд, 100 фисад, хешу табори ӯ ҳастанд.

чорш
Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Пулҳое, ки ин муҳоҷирон ба ватан мефиристанд, як омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва як чархаи асосии пешбарандаи аробаи иқтисоди ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)