“Сарчашмаи хирад”. Бо ҳамин унвон китоби нави
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон нашр шудааст.
Расонаҳои туркманӣ гуфтаанд, дар ин китоб аз зарбулмасалу мақолҳо ибора аст. Ба қавли Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ин зарбулмасалу мақолҳоро ӯ аз манобеи мухталиф тайи чанд соли ахир ҷамъоварӣ кардааст. Ҷаноби Бердимуҳаммадов китоби навашро дар ҷаласаи ҳукумати Туркманистон, ки ҷумъаи гузашта баргузор шуд, ба иштирокдорони маҷлис тақдим кардааст.
Мӯҳр