Хоҷагии ҷангал: 0,5%-и талабот ба чӯби кориро таъмин мекунем

Раёсати Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон мегӯяд феълан ҳамагӣ 0,5%и талаботи кишвар ба чӯби корӣ аз дохил таъмин карда мешавад.
Давлаталӣ Шарипов, сардори бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии ҷангал дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, солона барои таъмини Тоҷикистон аз хориҷ, асосан аз Русия 750 ҳазор метри мукааб чӯби корӣ ворид мешавад.
Ба гуфтаи Шарипов дар худи Тоҷикистон ҳамагӣ 20-24 ҳазор метри мукааб чӯби корӣ истеҳсол мешавад. Ӯ афзуд, ҷангалҳои Тоҷикистон аксаран буттазоранд ва чӯби корӣ намедиҳанд.
Масъули ҷангал изҳор дошт, ки барои зиёд намудани истеҳсоли чӯби корӣ дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди соҳаи хоҷагии ҷангал ва бунёди плантатсияи сафеддор қабул шуд: “Дар майдони 200 гектар сафеддор шинонда шудааст, лекин парвариши онҳо то 15 солро талаб мекунад. Дар стратегияи рушди ҷангал барои солҳои 2015-2030 пешбинӣ шудааст, ки истеҳсоли чӯби корӣ ду баробар зиёд карда мешавад”.
Шарипов иқрор намуд, ки бо вуҷуди ба маротиб зиёд намудани истеҳсоли дохилӣ дар оянда Тоҷикистон ҳамоно пойбанди чӯби кории воридотӣ хоҳад монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |