Духтарчае, ки афтид, ёрӣ мехоҳад, то боз ба по хезад (АКС)
Шаҳло Сафоева, як сокини ноҳияи Ёвон, барои табобати тифли сесолааш Бибисумая, ки аз осеби мағзи сар (гидросифалия ва мененгитсифалия) ранҷ мебарад, аз тамоми сокинони кишвар, ашхоси тавонманд ва ташкилотҳои хайриявӣ кӯмак мехоҳад.
Ин сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, духтарчааш моҳи октябри соли гузашта аз ошёнаи дуюм афтида, мағзи сараш осеб дидааст “Бегоҳии 28-уми октябр буд, табибон аз пойтахт рафта дар ноҳия ҷарроҳӣ карданд. Бино ба вазнин шудани ҳолати духтарчаам рӯзи 5 ноябр ба шуъбаи бемориҳои вазнини беморхонаи Қарияи боло оварданд. Якуним моҳ дар беморхона таҳти назорати табибон буд, аммо ҳолаташ беҳбуде наёфт ва рӯзи 19 декабр ҷавоб доданд ва то имрӯз духтарчаам дар бистари беморист”.
Модари Бибисумая мегӯяд аз аввал то ба охир барои табобату хариди доруҳои ӯ наздики 50 ҳазор сомонӣ сарф кардааст ва дигар маблағе барои идомаи табобаташ надорад “Худам маъюби гуруҳи дуюм ҳастам, дар ягон ҷой кор намекунам нафақаи мегирифтаам барои зиндагӣ кифоя намекунад. Харҷи табобати духтарамро то имрӯз инчунин хешовандонам кумак карданд”.
Модари Бибисумая афзуд, барои ҷарроҳии дубора ҳуҷҷатҳояшро ба Ҳиндустон фиристодаанд ва табибони ҳинду ҷарроҳиро имконпазир хонда маблағи онро барои ҷарроҳӣ ва омодагии пеш аз ҷарроҳӣ 10 ҳазор доллар арзёбӣ кардаанд. Ӯ мегӯяд дигар маблағе надорад ва ҳатто барои хариди доруҳо мушкилӣ мекашад: “Чанд моҳ мешавад, ки рӯз надорам. Ҳама дороиҳоямро сарф кардам. Дигар чора надорам. Ҳар рӯз вақте духтарчаам аз дард мегиряд дигар тоқат карда наметавонам, маҷбур шудам ба шумо муроҷиат кунам, ки кумакам кунед то якҷо фарзандамро наҷот диҳем”.
Афроде, ки мехоҳанд ба ин хонавода кӯмак кунанд, метавонанд тариқи рақамҳои 93 909 85 85, 93 128 64 00 бо модари Бибисумая дар тамос шаванд ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд: Бибисумая пеш аз беморӣ:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |