Бахшҳо
30 янв 2016 11:01Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳорот аз номи ҷавонони Бадахшон алайҳи муроҷиати ҲНИТ ба додгоҳи байналмилалӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо пахши як баёния аз номи ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муроҷиати раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба додгоҳи байналмилалӣ маҳкум кардааст.

Тибқи ин баёния, ки аз номи ҷавонони Бадахшон дар сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нашр шудаст, ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҷудоиандозии солҳои аввали истиқлолият мутаҳҳам шудаст.

Дар изҳорот бо ишора ба муроҷиатномаи ахири ҲНИТ ба додгоҳи байналмилалӣ, омадааст: “Соҳибони собиқи ин ҳизб имрӯз паси шонаҳои бегонагон-хоҷагони хориҷӣ сангар гирифта, ҷониби Тоҷикистон санг меандозанд. Онҳо сиёсати имрӯзаи кишварро ғайримиллӣ ва ғайриқонунӣ хонда, бо изҳори баёнияе хостори муҳокимаи мақомоти тоҷик дар додгоҳи байналмилалӣ шудаанд. Ба ақидаи онҳо фазои ваҳшатноке дар ҷомеа ҳукмфармо гардидааст, ки барои амалӣ гаштани тарҳу ниятҳои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо монеа эҷод менамояд”.

Дар идомаи изҳорот таъкид гардидааст, ки ки инҳо ҳамон хоинону нотавонбиноне беш нестанд, ки зери ниқоби ислом ва демократия сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи кишвари моро ғайриодилона мехонанд. Муаллифони баёния афзудаанд, ки ҲНИТ бо даъвоҳои беасоси худ сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар чашми мардуми Аврупо ноадолатона ва риёкорона муаррифӣ мекунад.

Изҳоротдиҳандагон дар охир таъкид кардаанд, мардуми огоҳи Тоҷикистон зери роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз намегузорад, ки воқеаҳои нангини солҳои навадум такрор шавад, зеро гуфтаанд: “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”.
Мӯҳр
Ҷавон
ҷавонони асили кишвар имрӯз бекорандух шумори зиёдашон дар сангинтарин шароит кишвари рус ғуломӣ мекунанд.

Фу боз як спектакл! Ин иборахои нависта аз номи хама мардуми кишвар якхела мабарояд, ки хамма дуруг аст.

саидмурод
ХУДОВАНД хакро ба хакдор расонад ОМИН. ХУДОВАНД хоинони ватану миллатро хору залил гардонад. ОМИН. ОМИН ОМИН

мухочирин
Бародарон ва хохарони бадахшони навбат ба шумо расидаистодаст ин мехохад мо ва шумоени азизро ба чанг кашадмисли дигор давлатхо чи дар бадахшон хама серу бо барку чои кор таминаст майлаш аз исломи азиз химоят накунед ин динро сохибаш ХУДО аст худаш нигохмедорад аз шумо як чизро хохонем акалан хаети ин дунеатонро аз ин хукумати бо кавли шумо адолататон талаб кунед охир\девр муш дорад муш гуш дорад \охир дар майдон тубзан хатогиашро намебинад бари он довар аз дигарчо таинмешавад тохатогиро башумо фамонад шумоки дар дохилки хастаед хеч чиро надидаистодаед саломату сарбалад бошед

ali
Зиндагӣ дар бардаги шармандагист, Маънии озод будан зиндагист. ҳамикадар ки хдтон меген Изҳорот аз номи ҷавонони Бадахшон алайҳи муроҷиати ҲНИТ ба додгоҳи байналмилалӣ ҷои шукр дорад чун ҷавонои огоҳи мо ин кора намекнан.ин бо чоплусии кадом раисай бо

Умед
Кисат бе пул бгард. Ай соли 90 хам бад мешави.

сари дегдони банур
омадай одами ЗУР
МО нагуфтем бахудо
мора бор менан базур

сари дегдони банур
омадай одами ЗУР
МО нагуфтем бахудо
мора бор менан базур

Мухтарам чавонон ин ХНИТ будкидар Точикистон сулх барпо шуд шумхо аз барои Худо якбор баромади Устод Нури ва Устод Кабири ро тамошо кун харфе ки он мезананд фикр кун бад хар тухмате мекунед кунед Худован хакро ба хакдор бирасонад Ассалому алейкум варахматуллохи ва баракотух

помири
ба мухочирин гуфтани хастам ки ин кадар ба фитна даст назанед. бас аст як кор аз сар гузарондем.

хееееееееее КАДУ ДОНА НАДОРА ЭХЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭ САМАЯ СВЕЖАЯ ПИСТАИ ГОЗИМАЛИК эхэ ПИСТАИ ГОЗИМАЛИК САМАЯ СВЕЖАЯ хееееееееее КАДУ ДОНА НАДОРА ЭХЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭ САМАЯ СВЕЖАЯ ПИСТАИ ГОЗИМАЛИК эхэ ПИСТАИ ГОЗИМАЛИК САМАЯ СВЕЖАЯ хееееееееее КАДУ ДОНА НАДОРА ЭХЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭ САМАЯ СВЕЖАЯ ПИСТАИ ГОЗИМАЛИК эхэ ПИСТАИ ГОЗИМАЛИК САМАЯ СВЕЖАЯ

Буродарони исломи! Бо ин сиёсатхошкати "асои курро гум накунен",ки аз соли 90 бадтар нашавен! ХУДО аз ин сиёсатхо дар панохи рахмати худ нигох дорад !!!!!?????

Badakhshoni
Barodaron ba hamagon ma'lum ast, ki muallifi aslii chunin "murojihatnomaho" kist. Onho na tanho az nomi javononi Badakhshon yo Khatlon balki az nomi Khudo ham agar navisand, dar hayrat namoned. Binobar in ba chunin ighvogariho doda nashaved. Boqi dar amoni Parvardigor boshed.

Нафасшоев Бардамшох.
Умед,
Ами бародарьои бадахшониро амаьшуна аз Рассия депорт кардаанду дигар кор нест.Ар хел гаппора мебофанду меганд.
О Муиддин Кабири гурехт,Очи Халим нест шуд.Душанбе тенч.Бадахшон тенч.Аку як илоч карда, боз ба Рассия биоед.Бардамшо шуморо интизораст.

точикбача
э мардум 26-сол гузашт олиям аму солхои 90-ум гапнадорен шумо дига 26 солда чи кора буд кард давлат факат карз гирифту заминои помира ба хитой дод тамом ё ду ё се тунели дига кард , намешава ки амика сумои карз гирифтагиша заводу фабрика мекард мардум ба чои кор таъмин мешудан ё ки сохибкорои бечораро кам азоб бтан точикистона обод кунан масалан ягон сохибкор ягон завод ё фабрика созад то як мудат налог насупорад 1 ё 2 сол хотя нав як завод ё фабрика месози мегуй коркунам дар ватанихудам ки сохти буд кади даравда паставитат мекунана бо ягон бахона барои ами ягонкаса дилаш чуш намезана ки ягон ободкори кунан

Вафо
Зй мардум мо фвкат як хизб бояд дошта бошем ин хам бошад ххдт,ки рохбараш эмомали рахмон мебошад ,президентамон агар хамаи хизбхоро ба монанди нахзати ислом махкам мекарданд бехтар буд хамаи мо бояд факат ба дастуру супоришхо,конунхои ч.т. Итоат намоем.як казоват кунед агар дар як оилаи хурд агар хама ба калони хона гуш андозанд он оила оилаи солим аст,агар якчанд нафар калони кунад дар он бехбуди нест.
вакте ки солхои 90 92 солхои вазнин буд касе намегуфт,ки не змомали рахмонов шумо наметавонед гурезагонро баргардонидан,шумо наметавонед дар байни обу оташ кор кардан,имруз хама тинчу ором,точикистонро дар тамоми чахон бо эмомали рахмон мешиносанд .кани дигар хизбхо забондарози мекунанд гуфта метавонанд,ки ман инчоро обод кардам ё чанд нафарро сохиби чои кор ё ба ягон саґерада ягон хона харида додем....кори осон аз дур гапи бехуда задан осон аст, мо пешниход менамоем,ки дигар хизбхо аз байн бардошта шаванд ,ягон фоидашон нест дар чамият.(бахшиш)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)