Бахшҳо

Фавти духтарчаи 1-солаи тоҷик дар Петербург: Саривақт ёрии тиббӣ нагирифтаст

Кумитаи тафтишотии Русия марги духтарчаи 1 солаю семоҳаи тоҷикро, ки рӯзи 23 январ дар бемористони кӯдаконаи ноҳияи Калинини Санкт Петербург даргузаштааст, тафтиш мекунад.

Дар бораи марги ин духтари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 26 январ Елена Дунаева, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Ленинград хабар дода, афзуд, ки кӯдак ба далели ҳузури ғайриқонунии модараш ёрии саривақтии тиббӣ нагирифтааст. Ба гуфтаи Дунаева вақте падар, шаҳрванди Тоҷикистон духтарашро ба беморхона овардаст, кӯдак аллакай фавтида буд: “Кӯдак бемории модарзодӣ, аз ҷумла фалаҷи асаб доштаст. Модараш-муҳоҷири ғайриқонунӣ. Падараш патент доштаст. Кӯдак аз санҷиши ягон табиб нагузаштаст. Духтарча ба далели вазъи ғайриқонунии модараш ба хизматрасониҳои тиббии оддӣ дастрасӣ надоштаст. Бо чунин мушкилот шаҳрвандони хориҷӣ зиёд рӯбарӯ мешаванд”.

Тибқи иттилои расонаҳои Санкт Петербург рӯзи 23 январ вақте вазъи духтар бад шуд, волидон ёрии тиббии таъҷилиро даъват карданд. Аммо падари кӯдак табибони ёрии таъҷилиро мунтазир намонда, мустақилона кӯдакашро ба беморхонаи кӯдаконаи рақами 27-и Калинин бурдаст, вале табибон натавонистаанд, духтарчаи тоҷикро наҷот диҳанд.

Моҳвора, модари духтари тоҷик дар суҳбат бо “lifenews78” изҳор доштааст, ки аз табибон шикояте надорад. Ӯ гуфтаст, рӯзи 29 январ мушоҳида кард, ки дасту пои кӯдакаш хунук шудаанду нафаскашияш вазнин. Модар ба падари духтарча занг зада, аз вазъ хабар додаст ва падар омада, ӯро ба беморхона бурдаст. Волидон гуфтаанд, кӯдакро рӯзи 23 январ ба беморхона бурданд ва аллакай шоми он рӯз дили духтарча аз тапидан мондаст. Духтарчаи тоҷикро ба Ватан наоварда дар Санкт Петербург ба хок супоридаанд.
Мӯҳр
Гамзада.
Эх вой точики саркаш.Аз руи хамон одати пешинаву деринаи ачдодиамон, якраву шохем.Модоме,ки хану фарзандхоятро ба шахри Катон меори,аз фардои онхо андеша намекуни...Дар шахри Санкт-Петербург,тахияву супурдани хуччатхо ьарои ба Кайл мондану патент гирифтан,нихоят мушкил АСТ.Охир хамон чавононе,ки хамсарони худро меоред,намешавад,ки ба ягон дехаи нозия рафта манзили арзон ебеду харед ва хам худро дар Кайл монеду хам хамсару фарзандхоро.Дар хамон дехахо хам Барри мухочири кори кор ефт мешавад.Мае худам дар дехаи дур манщил домам.Картошкаву пиезу помидоры бодирингу динар махсулотхо мепарварам.Занхои точики мухочир аз шахр Дида дар дехахои Россия хузур меебанд.Тобистони хуб,хавои тоза,дехкони,...магар чи медихад..ташвишу тарраддуди бисери шахту саргардони Барри ефтану ичора гирифтани манщилу харочотхои бебаркаш.?

Хамин калимаи э войа истифода набаред. Инро занхои пири дехахо истифода мебурданд дар кадим. Ин калима одама вайрон мекунад. Э вой нагуеду барои бех шудани шароитатон дар ватан

FFFF
Точик буд ёрии аввалинш нарасонданд. Агар ёврей мешид дар утоки люкс чоёгирш мекадан. Шарм ба холи сафорати Точикистон дар Руссия.

сода сода содаему сода мемирем мо

Гамзада.
FFFF,
FFFF,Эй вой дилам,вой дилам,вой дилам,гуфтааст кампири кухистони бибии Гулдартабакунукрахуросонбегим.Сартуна вайрун накуне.Аку ита бо нозук нашавед.Шароитро дар Ватан хуб кунед гуфти?То ба охирша нагуфти.Хайр шароитута дар ватан хуб боша, ачаб хуше, лекин дигархо мумкин мисли шумо натавонанд.Дод аз дасти акл!....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)