Ҷозеф Байден, ноиби раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, амалиётҳои якҷояи эътилофи байналмилалии зиддитеррористии ИМА бо артиши Ироқу Сурия аллакай дар соли 2016 ба гуруҳи террористии ДИИШ нуқтаи таммат мегузорад.
Ӯ дар нишасти хабарие дар ИМА гуфтааст, баъди он ки террористон аз Рамадӣ берун шуданд, шаҳрҳои Раққи ва Мосулро аз онҳо раҳондан душвор нест:
“Ҳоло мо қариб 40 дарсади қаламраверо, ки қаблан террористон муҳосира карда буданд, озод кардем. Мебинед, ки то охири соли 2016 чӣ мешавад”.
Мӯҳр