Шикояти “Газпром” ба ҳукумат: Иҷоза диҳед, нархро боло барем
Ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” аз маҳдудсозиҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ҳукумат шикоят намуда, дархости иҷоза барои боло бурдани нархи сӯзишворӣ кардааст.
Саидалӣ Зарифзода, сардори Раёсати танзими монополияи табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, имрӯз, 29 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Газпромнефт-Тоҷикистон” ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда, арз доштаст, ки “хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нархгузории ширкат маҳдудият ҷорӣ карда, намегузорад, ки ширкат фурӯши сӯзишвориро ба нархҳои фоиданок ба роҳ монад”.
Зарифзода гуфт, дар пайи муроҷиати Газпром гуруҳи корӣ ташкил шуда, дар ин ширкат санҷиш гузаронида шуд: “Маълум шуд, ҳолат на он тавре аст, ки онҳо мегӯянд. Санҷида баромадем ва нагузоштем, ки “Газпромнефт” нархи бензинро аз 5 сомонию 60 дирам боло барад”.
Ба суол, ки чаро коҳиши нархи нафт дар ҷаҳон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон поин набурдааст ва оё арзоншавии маводи сӯхт дар назар аст, Зарифзода посух дод, ки аз нимаи дуюми соли 2015 бо назардошти коҳишёбии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар корхонаи коркарди нафти Русия низ коҳишёбии нархи бензин ба чашм мерасад: “Лекин суръати фаромадани нархи нафт нисбати поинравии нархи бензин камтар мебошад. Дар корхонаи коркарди нафти Русия тибқи тадқиқотҳо, агар моҳи сентябри соли гузашта нархи 1 тонна бензини АИ 92 то 41 ҳазор рубли Русия буд, ҳоло ба 33 ҳазор рубл омада расид”.
Масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъкид намуд, ки ташаккулёбии нархи фурӯши чакани сӯзишворӣ дар баробари нарх дар корхонаҳои тавлидкунанда, аз омилҳои дигар аз ҷумла тағйирёбии қурби асъори миллӣ, ҳаҷми маҳсулот дар бозори дохилӣ вобастагӣ дорад”.
Зарифзода илова намуд, ки феълан арзиши гумрукии як тонна бензини навъи АИ 92, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба 478 доллари амрикоӣ баробар аст, ки сари ҳар литр 3 сомону 24 дирамро ташкил медиҳад: “Ин ҷо боз аксиз ва дигар хароҷот аст. Аз ҷумла хароҷоти нақлиётӣ аз истгоҳи Бекобод то Спитамен, ки сарфи ҳамлу нақли роҳ иловатан ҳисоб карда мешавад. Дар баробари ин ҳар як субъекти хоҷагидор ҳуқуқи зам намудани 25 фоиз ба арзиши маҳсулотро дорад. Агар ҳаминро 15% ҳисоб кунем, бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда нархи як литр бензин дар нуқтаҳои фурӯш ба 5 сомонию 35 дирам баробар мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Газпромнефт Тоҷикистон” қариб нисфи бозори маводи сӯхтро дар ихтиёр дорад. Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар воридоти маводи сӯхт ҳиссаи “Газпромнефт-Тоҷикистон” 46,8%, “Тоҷик Петролеум” - 10% ва “Умед - 88” 7,7% мавқеи пешсафро ишғол менамоянд. Ба иттилои ин ниҳод, дар соли 2015 ба кишвар 531 273,9 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 215 105,9 тонна бензин ворид шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |