Харидорони “тақаллубӣ” гуруҳи калони нашъаҷаллобонро ифшо карданд
Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як амалиёти густурда, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта оғоз гардид, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гурӯҳи устувори муташакили нашъаҷаллобон безарар гардонида шуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод амалиёт чанд марҳила бо усули “харидории санҷишӣ” амалӣ гардида, аз нашъаҷаллобон наздики 150 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд: “Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша канали устувори интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русияро ба роҳ монда буданд”.
Ба иттилои манбаъ санҷиши пешакӣ муайян намуд, ки аз ҷумла судшуда барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар гирифта, яке аз аъзои фаъоли он ҳамагӣ як сол қабл ба озодӣ баромадаст: “Аз гуруҳ 3 кило героин ва зиёда аз 146 кило ҳашиш мусодира шуд. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, амалиёт барои дастгир намудани аъзои боқимондаи гуруҳ идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |