Муҷозоти 20 зиндонбон барои фирори “Монте Кристо”-и тоҷик
Додситонии генералии Русия мегӯяд, дар пайи фирори Маъруф Одинаев, ҷавони 22-солаи тоҷик аз боздоштгоҳи рақами 5-и Маскав 20 корманди раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии ин шаҳр муҷозот шуданд.
Тибқи иттилоияи додситонӣ барои фирори Одинаев, ки 13 январ сурат гирифт, 20 зиндонбон, аз ҷумла сардори боздоштгоҳ ва 4 масъули дастгоҳи раёсати зиндонҳои Маскав ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Маъруф Одинев, ки дар қасди фурӯши маводи мухаддар дар ҳаҷми зиёд муттаҳам мешудааст, рӯзи 13 январ тариқи тақаллубкорӣ ба ҷои ҳамватанаш, ки муҳлати боздошташ анҷом ёфт, ба озодӣ баромад.
Тибқи иттилоияи додситонии Русия фирори Одинаев, ки дар расонаҳои Русия “граф Монте-Кристо” унвон гирифтааст, дар пайи риоя нашудани муқаррароти пешбинишудаи зиндонбонӣ сурат гирифтааст: “Меъёри берунории боздоштшуда аз утоқи боздошт ва озодкунии боздоштшудаҳо нақз шудааст”.
Маъруф Одинаев 17 январ дар пайи амалиёти муштараки ниҳодҳои қудратии Русия дар вилояти Маскав боздошт гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |