Ҳукми муттаҳамон дар қатли тиллофурӯшҳо эълон шуд
Додгоҳи вилояти Суғд имрӯз, 29 январ ҳукми афродеро, ки дар куштори аҳли оилаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳам мешуданд, эълон кард.
Бародарон Муҳиддин ва Олим Раҳматовҳо ҳамроҳ бо чанде аз наздиконашон дар қатли хонаводаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд - Бурҳоновҳо муттаҳам мешуданд. Муҳиддин Раҳматов, ки аз саркардаи ин гуруҳ гуфта мешуд, моҳи сентябри соли сипаришуда дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид. Сабаби марги ӯро сактаи қалб гуфтанд.
Бо ҳукми додгоҳ Олим Раҳматов барои як умр равонаи зиндон шуда, Адиба Раҳматова, завҷаи Муҳиддин Раҳматов 30 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Сарвиноз Раҳматова (духтари Муҳиддин), Аҳлиддин Раҳматов, Қиёмиддин Раҳматов ва Ваҳҳоб Раҳматов (падари Муҳиддин) 28 солӣ равонаи зиндон шуданд. Валӣ Раҳматов 7 сол ҳукм гирифт.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, бародарон Раҳматовҳо рӯзи 2 июни соли 2013, тахминан соати 03:00 тавассути девори ҳавлии ҳамсоя вориди манзили зисти соҳибкори инфиродӣ - шаҳрванд Аҳмадхуҷа Бобоев шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишони “Калашников” соҳибхона – Бобоеву ҳамсараш – Ҳаётхони 39-сола ва фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳроб Бобоеви 15-соларо қатл карда, фарзанди хурдии хонавода – Санҷарбек Бобоеви 7-соларо дар ҳаммоми ин манзил маҳкам намудаанд ва тамоми ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф ва бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки бар асари сухтор фарзанди хурдии хонавода низ аз дуди оташ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.
Инчунин, онҳо дар қатли саррофон аз шаҳри Хуҷанд айбдор мешуданд. “Бародарон Раҳматовҳо давоми ду шабонарӯз реҷаи кории фаъолияти соҳибкор - Юлдош Бурҳонов ва писараш - Фарҳод Бурҳоновро омухта, рӯзи 28 декабри соли 2011 дар назди манзили зисташон дар кучаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд тавассути силоҳи “Калашников” ба онҳо ҳамла карда, баъди ба ҳалокат расонидани падару писар сумкаи варзишиеро, ки ҳомили беш аз 200 000 сомонӣ буд, тасарруф карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд",-гуфта буд дафтари матбуоти ВУД.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |