Шарҳи раис дар бораи шикояти сокинони Бадахшон аз ҳисоби ҳаққи барқ бо доллар
Далер Ҷумъаев, раиси ширкати “Помир энержӣ” хароҷоти миёнаи ҳар хоҷагии вилояти Бадахшонро барои барқ дар соли 2015 - 87 доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки феълан 99%-и сокинон ҳаққи барқашонро пардохт намудаанд.
Ӯ дар мавриди шикояти бархе аз сокинони Бадахшон аз ҳисобукитоби ҳаққи барқ бо доллар, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки ин раванд қонунист ва бо назардошти қурби муайяннамудаи Бонки миллии кишвар сурат мегирад.
Ҷумъаев дар шарҳи ҳисобукитоби ҳаққи барқ бо доллар дар Бадахшон афзуд, ин ба он далел аст, ки зиёда аз 70 фисади уҳдадориҳои молиявии ширкати “Помир энержӣ” бо доллар амалӣ мешаванд: “Қарзҳое, ки мо дастрас кардем, ҳисобукитобашон ба доллар рафта истодааст. 95%-и таҷҳизотро берун аз Тоҷикистон мегирем. Зиёда аз 70%-и хароҷот бо долларанд ва ин моро маҷбур месозад, ки ҳисобу китобро бо доллар дуруст намоем”.
Раиси “Помир энержӣ” изҳор дошт, ки нархномаҳои барқ бетағйир боқӣ мондаанд ва бисёри муштариёнашон шиддати беқурбшавии пули миллиро дар пардохти ҳаққи барқ эҳсос нахоҳанд кард: “Ҳукумат дар соли 2015 2,1 миллион сомонӣ барои оилаҳои камбизоат маблағ ҷудо кард ва 53% муштариёни барқ дар вилояти Бадахшон аз субсидия-имтиёз бархӯрдор ҳастанд. Албатта мардуми навоҳии Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа, ки зиндагии мушкилтар доранд, бештар аз имтиёз бархӯрдоранд ва шаҳри Хоруғ камтар. Ҳамин 53%-и муштариён бо тарифи кам маблағи барқро месупоранд”.
Ҷумъаев илова намуд, ки модели фаъолияташон давоми 13 соли корӣ самаранокии худро нишон додааст: “Ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб, Ванҷ, ба ғайр аз шаҳри Хоруғу ноҳияи Дарвоз қарздорӣ надоранд. Дар маҷмӯъ қарзи аҳолӣ аз барқ беш аз 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
Раиси “Помир Энержӣ” таъкид намуд, ки ҳоло 86%-и аҳолии Бадахшон 24 соат, 11% аз 14 то 19 соат, 3% 8 соат дар манзилҳои худ барқ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |