Муҷозоти 1117 масъул барои ҳисоботи дурӯғ дар соли 2015
Гулнора Ҳасанова, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, барои камбудӣ дар пешниҳоди ҳисобот дар соли 2015 1 ҳазору 117 масъули давлатию дигар сохторҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳасанова имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, масъулини давлатӣ ва дигар сохторҳо аз ҷумла барои изофанависӣ, хатоӣ дар ҳисобот ё умуман пешниҳод накардани ҳисобот бар асоси Кодекси маъмурӣ ҷаримабандӣ шуданд. Раиси Кумитаи омор ҳаҷми ҷаримабандиро беш аз 316 ҳазор сомонӣ арзёбӣ намуд.
Ӯ афзуд, ки соли гузашта инчунин 7 масъули омор-4 нафар дар Хатлон ва 3 нафар дар Суғд барои номутобиқатии ҳисобот ва камбудӣ дар фаъолият аз мақомашон барканор гардиданд.
Соли гузашта ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар тағйирот ворид гардид, ки тибқи он шахсони мансабдор ва афроди ҳуқуқӣ дар сурати нодуруст ва ё нопурра пешниҳод намудани омор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳадаф аз ин навгонӣ роҳандозии омори дурусти давлатӣ дар кишвар арзёбӣ шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорони тоҷик гуфт, ҳам намояндагони бахши хусусӣ ва бахши давлатӣ ба пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғи оморӣ даст мезананд: “Айни замон ҳисоботи оморӣ дар аксари ҳолатҳо ба воқеият рост намеояд. Маълумоти оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ ё идоравӣ, аз ҷумла бо мақсади аз андозбандӣ пинҳон кардани истеҳсоли маҳсулот, барзиёд нишон додани иҷрои нақшаи истеҳсол ва дигар сабабҳо кам ё зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси мураккаб гардидани банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, воридот ва содироти он мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |