Вебгоҳи Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ фаъол шуд
Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон вебгоҳи расмияшро фаъол кардааст. Ин сомона бо нишонии pertoj.com қобили дарёфт буда, аз навгониҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистону Эрон хабарҳо пахш мекунад.
Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ соли 1995 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардида, аз марказҳои муҳим ва пурсамари ҳамкориҳои илмиву фарҳангии фаъол ба шумор меравад. Пажуҳишгоҳ матолиби пажуҳишгарони эрониро ба хатти кириллӣ ва донишмандони тоҷикро бо хатти форсӣ баргардон намуда, дар таълифу омодасозии китобҳои муҳаққиқони тоҷик кумак мерасонад. Он бо марказҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон ҳамкории пайваста дорад.
Раҳбарии Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро Ҳасани Қарибӣ бар уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |