18 сол зиндони шаҳрванди Тоҷикистон барои куштори сокини Минск
Додгоҳи ноҳияи Минск як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст. Ӯро дар куштори як бонуи 24-сола, ки корманди корхонаи мошинсозии Минск будааст, муҷрим шинохтаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Ином Исмоилов ном бурдаанд, тобистони гузашта Екатерина Сачковро буғӣ карда, ҷасадашро дохили ҷузвдон дар канори роҳе дар ноҳияи Бешенкович гузоштааст.
Куштор ягона ҷурме нест, ки додраси парванда бо он Исмоиловро муҷрим шинохтааст. Ӯ дар дуздӣ ва талоши рабудани моликият ҳам гунаҳкор шудааст. Бар илова, бар асоси ҳукми додгоҳ, вай муваззаф аст харҷи дафни духтар, ҷуброни дуздӣ ва зарари маънавӣ дар ҳаҷми 300 миллион рублро пардохт кунад.
Владимир Денисенко, вакили дифои Исмоилов гуфтааст, нафари таҳти ҳимояаш аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |