Издивоҷи 791 духтари ноболиғи тоҷик бо иҷозати суд
Додгоҳҳои Тоҷикистон тайи соли 2015 барои хонадоршавии 791 духтари тоҷик иҷозат додаанд.
Сироҷзода Саодатбибӣ, сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, издивоҷи ноболиғон дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ба судҳо иҷозат дода шудааст: “Аксарияташон аз синни 16-сола болоянд, аммо ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд”.
Ба гуфтаи Сироҷзода суд бо назардошти вазъи хонаводагӣ, аз ҷумла ятимӣ, ё бемории волидон барои издивоҷи ноболиғон иҷозат додааст.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои САҲШ соли гузашта дар Тоҷикистон 77 ҳазору 20 ҳолати издивоҷ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли пешӣ 18,4 ҳазор адад камтар мебошад. Дар ин муддат талоқ низ 776 ҳолат коҳиш ёфта, ба 8 ҳазор 356 адад расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |