Тоҷикистон 94 адвокати санҷидашуда дорад
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 94 вакили дифоъ аз санҷиши комиссияи махсуси ин ниҳод гузашта, расман мақоми адвокатиро гирифтаанд.
Дар ин бора имрӯз, 28 яянвар Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод. Қаблан вазири адлия иттилоъ дода буд, ки қариб сеяки адвокатҳо аз санҷиш нагузаштанд.
Аммо Саидбек Нуриддинов, раиси Иттифоқи адвокатҳо, ки аз санҷиши Комиссияи тахассусии Вазорати адлия нагузашт, иброз дошта буд, ки гуруҳи манфиатдоре бо ин роҳ ӯро аз мақоми раиси Иттифоқи адвокатҳо канор гузоштаниянд. Дар пайи баргузории санҷиши адвокатҳо сару садое низ паҳн шуд, ки гуиё вақти имтиҳон ба адвокатҳо суолҳои берун аз фаъолияти онҳо ба мисли Рӯдакӣ кай ба дунё омадааст ва ё аввалин бор кай ба Тоҷикистон қатор омадааст, дода мешавад.
Аммо вазири адлия ин иддаоро рад намуда, гуфт, овозаҳо асос надоранд ва тартиби қабули имтиҳон дуруст роҳандозӣ шудааст: “Марҳамат ман даъват мекунам дар имтиҳонҳо ширкат намуда, худатон бинед, тартиби қабули имтиҳон дуруст аст”.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 4 ноябри соли 2015 тағйиру иловаҳоро ба қонун дар бораи адвокатҳо қабул кард, ки тибқи он вакилони дифоъ пеш аз оғози фаъолият аз санҷиши Комиссияи махсуси Вазорати адлия мегузаранд. Тибқи ин тағйирот “адвокатҳо дар 5 сол 1 бор аз аттестатсия гузаронда мешаванд ва тартиби аттестатсияро худи адвокатҳо муайян мекунанд”. Вазири адлия ҳадафи ин навгониро беҳтар кардани хизматрасонии адвокатҳо гуфта, илова намуд, афроде, ки забони давлатиро намедонанд, доғи судӣ доранд ва аз шаҳрвандии Тоҷикистон баромадаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат кор кунанд: “Инчунин онҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура кор кардаанду савганди касбиро вайрон кардаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат фаъолият кунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |