48 млн $ фоида аз фурӯши барқ ва 250 млн $-и аз дастрафта дар 2015
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 1 миллиарду 400,2 миллион киловат/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст, ки нисбати соли қаблӣ бештар мебошад.
Усмонзода, имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ҳисоби фурӯши барқ, ки 1 миллиарду 181,9 миллион киловат/соат ба Афғонистон ва 204,9 миллион киловат/соат ба Қирғизистон содир шудааст, Тоҷикистон 48,4 миллион доллари амрикоиро ба даст овардааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои масъулини энергетика фасли гармои соли гузашта ба далели камбуди хатти интиқол Тоҷикистон натавонист ҳудуди 5 миллиард киловат/соат нерӯи барқи зиёдатиашро ба хориҷ фурӯшад, ки аз ин ҳисоб метавонист ҳудуди 250 миллион доллари амрикоиро ба даст орад.
Вазири энергетика роҳи ҳалли ин мушкилро сохтмони КАСА-1000 хонд, ки ба гуфтаи ӯ нимаи аввали соли равон оғоз мешавад. Усмонзода изҳор дошт, ки бо пешниҳоди президент хишти аввали ин хат дар Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Ӯ афзуд, феълан барои маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии ин хат, ки дарозиаш 252 километр арзёбӣ мешавад, бо маблағи 312,2 миллион доллар созишномаҳои қарзию грантӣ баста шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |