Истиқболи сафири Тоҷикистон дар Эрон аз филми “Ҳазрати Амирҷон”
Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар рӯнамоии филми мустанади “Ҳазрати Амирҷон” иштирок кардааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ хабар додаанд.
Ҷаноби Имомзода аз филми “Ҳазрати Амирҷон” истиқбол карда, гуфтааст, “Ҳазрати Амирҷон мустанади хубест ва талоше буд барои муариффии шахсияти муҳим. Орифе, ки ба он пардохта нашуда буд”. Ӯ дар идома афзуд, “Хушҳолем ки чунин филмҳо тавлид мешаванд ва ман ба саҳми худ барои тадовуми ин гуна ҳаракатҳои фарҳангӣ ҳимояти худро эълом мекунам”.
Маҳдӣ Бимонӣ, коргардон эронӣ ҳадафи сохтани ин филмро намоиш ва густариш додани фарҳанги эронӣ гуфтааст: “Замоне ки тасвири Мир Сайид Алии Ҳамадониро дидам, бар он шудам, то таъсигузории ин бузургмардро ба тасвир бикашам”.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ориф, олим ва шоири қарни 8-ум ва аз мубаллиғони умдаи Ислом буд. Ӯ барои таблиғи Ислом сафарҳои зиёде ба нуқоти гуногуни Арабистон, шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Ҳинд ва сойири манотиқ доштааст. Оромгоҳи ин ориф дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад. Соли гузашта дар Тоҷикисон 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро таҷлил карданд. Ба ин муносибат як симпозиуми байналмилаӣ низ ташкил шуд, ки муҳаққиқону Ҳамадонишиносонро аз 25 кишвари гирди ҳам овард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |